НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН.
июль 30 2024

ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН.

    Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2024, №99 дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2024 то санаи 1 июн омодагиҳо ба роҳ монда шуда, дар ин бобат бо қарори Шӯрои шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024, №4 корҳои амалиро роҳандозӣ намудаанд. Тибқи иттилои мушовири шуъбаи маориф Тоҷибой Бозоров дар 14 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 350-нафар кӯдак, дар ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ 50 - нафар, дар умум 400 - нафар дар даври якум ба истироҳати тобистона ҷалб карда шудаанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 3460-нафар хонанда ба таври ройгон ба фароғати таълимӣ фаро гирифта шудаанд. Дар истироҳатгоҳҳои берун аз ноҳия бошад, 24 - нафар кӯдакон ва наврасон, аз ҷумла 4 - нафар дар истироҳатгоҳи шаҳри Турсунзода бо номи «Ширкент» ва 20-нафар кӯдакон дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол»-и шаҳри Варзоб аз 3 июл барои истироҳат сафарбар гардиданд. «Дар даври 2-юм аз рӯйи нақша аз 25 муассисаҳои таълимӣ 625- нафар кӯдакон ба муҳлати 15 рӯз аз 10 июл ташкил карда мешавад. То имрӯз аз мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳия 10-нафар кӯдакони ятими кулл дар истироҳатгоҳи шаҳри Турсунзода ба номи «Ширкент» истироҳат карда омаданд. Дар даври дуюм истироҳати дохили муассисавӣ барои 25-нафар тарбиятгиранда лагери солимгардонӣ ташкил шудааст», - қайд дошт Тоҷибой Бозоров. Аз мусоҳиба бо намояндаи шуъбаи маориф маълум гардид, ки фарогирии мактаббачагон ба истироҳати тобистона аз санаи 10 июли соли равон ба нақша гирифта шудааст ва дар истироҳатгоҳҳои берун аз ноҳия 220-нафар ҷалб мешаванд. Аз ҳисоби ҷалби сармоягузорон 10-нафар кӯдакон аз тарафи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия низ истироҳат карда омадаанд. Мутобиқи нақшаи тасдиқшудаи мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 30 апрели соли 2024 дар ҷамоатҳои деҳоти Ҳалевард 850 - нафар, Золи Зар 850 - нафар, Маданият 840 - нафар, Навоӣ 840-нафар, Навобод 850 - нафар, Калинин 84 - нафар, Ҷамоати шаҳраки Гулистон 740-нафар, Ҷамоати шаҳраки Балх 930 - нафар, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия 950 - нафар ва муассисаҳои томактабии ноҳия 2300 - нафар, дар маҷмуъ; 9990 кӯдакону наврасон ба истироҳати тобистона дар се баст 3330 - нафарӣ ба муҳлати 15 рӯз ба лагери тобистонаи солимгардонӣ барои истироҳат сафарбар мегарданд. Кароматулло САДИРОВ, "Навиди Балх"

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
12 июль 2023
Асосӣ / Маориф
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА

ТОБИСТОНА Фасли тобистон ҳамчун фасли истироҳатӣ барои хонандагону толибилмон хусусиятҳои хоси худро дорад.

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда