"КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН КУНЕМ - БАРОИ ФАРДОИ БЕҲТАР" |
"КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН КУНЕМ - БАРОИ ФАРДОИ БЕҲТАР" Таҳти ҳамин унвон, 20 марти соли 2025, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нозири шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сайдамирзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, сармуҳосибон, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин масъулони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ иштирок доштанд. Мақсади асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва масъулини сохторҳои давлатӣ дар бораи оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии онҳо буд. Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сайдамирзода Ҷамшед оид ба қонунгузории амалкунанда, стратегия ва тадбирҳои пешгирии коррупсия дар кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар суханронии худ зикр намуд, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, таъмини шаффофият ва риояи қонунмандӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим аст. Баргаштан |
22-03-2025, 11:07 |