НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » "КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН КУНЕМ - БАРОИ ФАРДОИ БЕҲТАР"
март 22 2025

"КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН КУНЕМ - БАРОИ ФАРДОИ БЕҲТАР"

                                       "КОРРУПСИЯРО РЕШАКАН КУНЕМ - БАРОИ ФАРДОИ БЕҲТАР"

   Таҳти ҳамин унвон, 20 марти соли 2025, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нозири шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сайдамирзода Ҷамшед, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, сармуҳосибон, намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, инчунин масъулони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ иштирок доштанд.

   Мақсади асосии вохӯрӣ баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон ва масъулини сохторҳои давлатӣ дар бораи оқибатҳои амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии онҳо буд.

   Дар ҷараёни мулоқот намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Сайдамирзода Ҷамшед оид ба қонунгузории амалкунанда, стратегия ва тадбирҳои пешгирии коррупсия дар кишвар маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

   Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар суханронии худ зикр намуд, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ буда, таъмини шаффофият ва риояи қонунмандӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим аст.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 22 март 2025 11:07
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 63
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
09 апрель 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг / Мақомоти иҷроия
СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ

СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ» Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30