КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ БОРИШОТ: ҶӮЙБОРҲОИ СЕЛПАРТО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД |
КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ БОРИШОТ: ҶӮЙБОРҲОИ СЕЛПАРТО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла хатари сел ва обхезӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои тозакунии ҷӯйборҳои селпарто оғоз гардиданд. Ин тадбир бо ташаббуси масъулини ҷамоат, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сурат мегирад. Ҳадафи асосии ин корҳо – таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи инфрасохтор ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Тоза ва васеъ намудани ҷӯйборҳои селпарто имкон медиҳад, ки ҷараёни обҳои зиёдатӣ дар мавсими боришот ба таври озодона ҳаракат карда, хатари фаромадани сел ва зери об мондани манзилу роҳҳо ба ҳадди ақал расонида шавад. Масъулин аз аҳолии маҳаллӣ даъват ба амал меоранд, ки дар нигоҳдории муҳити зист ва пешгирии басташавии ҷӯйборҳо саҳмгузор бошанд. Тозагӣ ва нигаҳдории дурусти шабакаҳои обгузар барои таъмини амнияти экологии минтақа низ аҳамияти хоса дорад. Тадбирҳои мазкур дар доираи нақшаи пешгирии офатҳои табиӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон идома хоҳанд ёфт. Баргаштан |
8-04-2025, 14:58 |