НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ БОРИШОТ: ҶӮЙБОРҲОИ СЕЛПАРТО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД
апрель 08 2025

КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ БОРИШОТ: ҶӮЙБОРҲОИ СЕЛПАРТО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД

КОРҲОИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ БОРИШОТ: ҶӮЙБОРҲОИ СЕЛПАРТО ТОЗА КАРДА МЕШАВАНД                            

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулода, аз ҷумла хатари сел ва обхезӣ, дар Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои тозакунии ҷӯйборҳои селпарто оғоз гардиданд.

Ин тадбир бо ташаббуси масъулини ҷамоат, идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия, дар ҳамкорӣ бо кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сурат мегирад.

 Ҳадафи асосии ин корҳо – таъмини амнияти аҳолӣ, ҳифзи инфрасохтор ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ мебошад. Тоза ва васеъ намудани ҷӯйборҳои селпарто имкон медиҳад, ки ҷараёни обҳои зиёдатӣ дар мавсими боришот ба таври озодона ҳаракат карда, хатари фаромадани сел ва зери об мондани манзилу роҳҳо ба ҳадди ақал расонида шавад.

Масъулин аз аҳолии маҳаллӣ даъват ба амал меоранд, ки дар нигоҳдории муҳити зист ва пешгирии басташавии ҷӯйборҳо саҳмгузор бошанд. Тозагӣ ва нигаҳдории дурусти шабакаҳои обгузар барои таъмини амнияти экологии минтақа низ аҳамияти хоса дорад. Тадбирҳои мазкур дар доираи нақшаи пешгирии офатҳои табиӣ ва таъмини бехатарии шаҳрвандон идома хоҳанд ёфт.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 08 апрель 2025 14:58
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 22
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
16 октябрь 2023
Асосӣ
13 ОКТЯБР - РӮЗИ

13 ОКТЯБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ Санаи 13 октябр соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930