ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - МАВЗУИ МУҲОКИМА ДАР МИЗИ МУДАВВАР |
ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - МАВЗУИ МУҲОКИМА ДАР МИЗИ МУДАВВАР 8-уми апрели соли 2025, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи марказии ноҳия мизи мудаввар таҳти унвони "Зӯроварӣ дар оиларо маҳкум менамоем", баргузор гардид. Чорабинӣ дар толори Китобхонаи марказӣ бо иштироки фаъолонаи ҷавонон, намояндагони муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид. Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, паст кардани шиддати муноқишаҳои оилавӣ, ҷилавгирӣ аз худкушӣ ва худсӯзии шахсон, махсусан занону духтарон арзёбӣ гардид. Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиён доир ба мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва тағйироту иловаҳои воридшуда ба он, инчунин роҳҳои амалии иҷро ва татбиқи қонун дар ҳаёти рӯзмарра ибрози назар намуданд. Масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кормандони Китобхона ва намояндагони соҳаҳои ҳуқуқу тарбия дар суханронии худ аз ҷумла зикр карданд, ки мубориза бар зидди зӯроварӣ бояд аз оила оғоз шавад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки дар ташаккули ҷомеаи бидуни зӯроварӣ саҳмгузор бошад. Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ва андешаҳои судманд дар самти такмили чорабиниҳои пешгирии зӯроварӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани маъракаҳои таблиғотӣ ироа гардиданд. Иштирокчиён ташаббусро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин чорабиниҳо бояд мунтазам бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда шаванд.
Баргаштан |
17-04-2025, 13:18 |