НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - МАВЗУИ МУҲОКИМА ДАР МИЗИ МУДАВВАР
апрель 17 2025

ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - МАВЗУИ МУҲОКИМА ДАР МИЗИ МУДАВВАР

       ПЕШГИРИИ ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - МАВЗУИ МУҲОКИМА ДАР МИЗИ МУДАВВАР

8-уми апрели соли 2025, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамкорӣ бо Китобхонаи марказии ноҳия мизи мудаввар таҳти унвони "Зӯроварӣ дар оиларо маҳкум менамоем", баргузор гардид. Чорабинӣ дар толори Китобхонаи марказӣ бо иштироки фаъолонаи ҷавонон, намояндагони муассисаю ташкилотҳои давлатӣ, намояндагони соҳаҳои фарҳанг ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир гардид.

Ҳадафи асосии баргузории ин чорабинӣ баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонон, пешгирии зӯроварӣ дар оила, паст кардани шиддати муноқишаҳои оилавӣ, ҷилавгирӣ аз худкушӣ ва худсӯзии шахсон, махсусан занону духтарон арзёбӣ гардид. Дар рафти мизи мудаввар иштирокчиён доир ба мӯҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила" ва тағйироту иловаҳои воридшуда ба он, инчунин роҳҳои амалии иҷро ва татбиқи қонун дар ҳаёти рӯзмарра ибрози назар намуданд.

Масъулини Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, кормандони Китобхона ва намояндагони соҳаҳои ҳуқуқу тарбия дар суханронии худ аз ҷумла зикр карданд, ки мубориза бар зидди зӯроварӣ бояд аз оила оғоз шавад ва ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки дар ташаккули ҷомеаи бидуни зӯроварӣ саҳмгузор бошад.

Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳо ва андешаҳои судманд дар самти такмили чорабиниҳои пешгирии зӯроварӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ба роҳ мондани маъракаҳои таблиғотӣ ироа гардиданд. Иштирокчиён ташаббусро саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин чорабиниҳо бояд мунтазам бо фарогирии қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда шаванд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 17 апрель 2025 13:18
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 64
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30