СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД |
СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Рӯзи 17 апрели соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони бахши дин иштирок доштанд. Сараввал, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки масъалаи рӯз - ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2025 мебошад. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давраи мазкур суханронӣ кард. Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои иқтисодию истеҳсолии ноҳия афзоиш ёфта, нақшаҳои пешбинишуда дар соҳаҳои гуногун бо натиҷаҳои назаррас иҷро гардидаанд. Бо истифодаи пурраи захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда, вазъи ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷети маҳаллӣ беҳтар шудааст. Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксари аҳолии қобили меҳнат ба ин соҳа машғуланд. Маҳз ҳамин бахш яке аз сарчашмаҳои асосии ғанигардонии буҷет мебошад. Бо мақсади омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои банди 15-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободониву созандагӣ, зебосозӣ ва ташкили ҷашнвораҳо, намоишҳо ва фестивалҳо вусъат дода шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори раиси ноҳия Фестивали ноҳиявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор гардид. Дар соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, обтаъминкунӣ, корезӣ ва алоқа низ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Бо дарназардошти он ки муҳлати амалишавии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия соли равон ба анҷом мерасад, таҳияи барномаҳои нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2026–2030 зарур шумурда мешавад. Фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва маънавият дар ин давра ба таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани дониш ва тафаккури сиёсӣ, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои соҳавӣ ва барномаҳои давлатӣ равона гардидааст. Бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо усули “Хона ба хона” дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корҳои мақсаднок анҷом додааст. Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ дар самти қабули муроҷиатҳо ва баррасии саривақтии онҳо фаъолияти самаранок нишон додааст. Дар анҷоми ҷаласа муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои мақомоти болоиро ба фаъолони ноҳия расонид. Ӯ таъкид кард, ки бояд ба масъалаи вусъати корҳои ободонӣ, беҳтар намудани симои меъмории ноҳия, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Баргаштан |
28-04-2025, 08:37 |