НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
апрель 28 2025

СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

                                                СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Рӯзи 17 апрели соли 2025 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи аввали соли 2025 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Холов Гулмаҳмад, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия ва мақомоти иҷроия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони бахши дин иштирок доштанд. Сараввал, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро муаррифӣ намуда, зикр кард, ки масъалаи рӯз - ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар се моҳи соли 2025 мебошад. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ оид ба натиҷаҳои рушди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия дар давраи мазкур суханронӣ кард. Зикр гардид, ки дар натиҷаи татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондиҳандаҳои иқтисодию истеҳсолии ноҳия афзоиш ёфта, нақшаҳои пешбинишуда дар соҳаҳои гуногун бо натиҷаҳои назаррас иҷро гардидаанд. Бо истифодаи пурраи захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда, вазъи ҷамъоварии андозҳо ва пуррагардонии буҷети маҳаллӣ беҳтар шудааст. Ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксари аҳолии қобили меҳнат ба ин соҳа машғуланд. Маҳз ҳамин бахш яке аз сарчашмаҳои асосии ғанигардонии буҷет мебошад. Бо мақсади омодагӣ ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои банди 15-и Нақшаи чорабиниҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025, №АП-713, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия корҳои ободониву созандагӣ, зебосозӣ ва ташкили ҷашнвораҳо, намоишҳо ва фестивалҳо вусъат дода шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори раиси ноҳия Фестивали ноҳиявии гулҳо таҳти унвони “Сайри гули лола” баргузор гардид. Дар соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, хоҷагии манзилию коммуналӣ, обтаъминкунӣ, корезӣ ва алоқа низ корҳои муайян ба анҷом расонида шудаанд. Бо дарназардошти он ки муҳлати амалишавии барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия соли равон ба анҷом мерасад, таҳияи барномаҳои нави рушди иҷтимоиву иқтисодӣ барои солҳои 2026–2030 зарур шумурда мешавад. Фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ ва маънавият дар ин давра ба таҳкими ҳамкории ҷомеаи шаҳрвандӣ бо сохторҳои давлатӣ, баланд бардоштани дониш ва тафаккури сиёсӣ, инчунин иҷрои дастуру супоришҳои соҳавӣ ва барномаҳои давлатӣ равона гардидааст. Бахши кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор барои иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла бо усули “Хона ба хона” дар якҷоягӣ бо ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корҳои мақсаднок анҷом додааст. Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ низ дар самти қабули муроҷиатҳо ва баррасии саривақтии онҳо фаъолияти самаранок нишон додааст. Дар анҷоми ҷаласа муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс суханронӣ намуда, дастуру супоришҳои мақомоти болоиро ба фаъолони ноҳия расонид. Ӯ таъкид кард, ки бояд ба масъалаи вусъати корҳои ободонӣ, беҳтар намудани симои меъмории ноҳия, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 28 апрель 2025 08:37
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 7
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Апрель 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930