КУМАКПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҲТИ САНҶИШИ ҶИДДӢ ҚАРОР ГИРИФТАНД


                           КУМАКПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҲТИ САНҶИШИ ҶИДДӢ ҚАРОР ГИРИФТАНД

      Бо дарназардошти тадбирҳои амалигардонии сиёсати иҷтимоии давлат ва иҷрои талаботи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №869 аз 12 декабри соли 2024, инчунин мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488, ки ба масъалаи тартиби таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва муайянсозии оилаҳои камбизоат дахл дорад, тибқи нақшаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ барои соли 2025, гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар кард.

Ба ҳайати гурӯҳ Садирзода Муҳаммадҷони Соҳиб - сармутахассиси шуъбаи кумакҳои иҷтимоӣ ва Тоҷиддинзода Ҷалолуддин Тоҷиддин - сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ шомил буданд. Ҳадафи асосии сафари ин ҳайат - гузаронидани санҷиш ва верификатсияи (тасдиқи саҳеҳии) маълумотҳо оид ба таъйини кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дар ноҳия мебошад.

 Дар ҷараёни сафари корӣ, намояндагони Агентӣ бо фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва инчунин бо вазъи амалишавии сиёсати иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия шинос шуданд. Ҳангоми боздид, санҷиши муфассали эътимоднокии маълумоти пешниҳодгардида аз ҷониби сокинон ва муассисаҳои масъул доир гардид, ки ин баҳри шаффофият ва дурустии равандҳои таъйини кумакпулӣ мусоидат мекунад.

Пас аз анҷоми корҳои санҷишӣ, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки кормандони бахшҳои дахлдор ва сокинони маҳаллӣ ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Агентӣ оид ба механизмҳои нави таъйини кумакпулии иҷтимоӣ, меъёрҳои баҳогузорӣ ва роҳҳои беҳсозии равандҳои мавҷуда маълумот дода, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб гуфтанд.

Ин ташаббус дар доираи сиёсати ҳифзи иҷтимоии давлат барои баланд бардоштани сатҳи адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи табақаҳои осебпазири ҷомеа амалӣ шуда, ҳамчун иқдоми муҳим дар самти таъмини ҳадафмандии кумакҳои давлатӣ арзёбӣ мегардад.

 


Баргаштан
1-05-2025, 13:30