НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » КУМАКПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҲТИ САНҶИШИ ҶИДДӢ ҚАРОР ГИРИФТАНД
май 01 2025

КУМАКПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҲТИ САНҶИШИ ҶИДДӢ ҚАРОР ГИРИФТАНД

                           КУМАКПУЛИҲОИ ИҶТИМОӢ ТАҲТИ САНҶИШИ ҶИДДӢ ҚАРОР ГИРИФТАНД

      Бо дарназардошти тадбирҳои амалигардонии сиёсати иҷтимоии давлат ва иҷрои талаботи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №869 аз 12 декабри соли 2024, инчунин мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024, №488, ки ба масъалаи тартиби таъйин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва муайянсозии оилаҳои камбизоат дахл дорад, тибқи нақшаи Агентии ҳифзи иҷтимоӣ барои соли 2025, гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар кард.

Ба ҳайати гурӯҳ Садирзода Муҳаммадҷони Соҳиб - сармутахассиси шуъбаи кумакҳои иҷтимоӣ ва Тоҷиддинзода Ҷалолуддин Тоҷиддин - сармутахассиси шуъбаи мониторинг ва таҳлили соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ шомил буданд. Ҳадафи асосии сафари ин ҳайат - гузаронидани санҷиш ва верификатсияи (тасдиқи саҳеҳии) маълумотҳо оид ба таъйини кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ дар ноҳия мебошад.

 Дар ҷараёни сафари корӣ, намояндагони Агентӣ бо фаъолияти бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва инчунин бо вазъи амалишавии сиёсати иҷтимоӣ дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия шинос шуданд. Ҳангоми боздид, санҷиши муфассали эътимоднокии маълумоти пешниҳодгардида аз ҷониби сокинон ва муассисаҳои масъул доир гардид, ки ин баҳри шаффофият ва дурустии равандҳои таъйини кумакпулӣ мусоидат мекунад.

Пас аз анҷоми корҳои санҷишӣ, дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо иштироки кормандони бахшҳои дахлдор ва сокинони маҳаллӣ ҷаласаи фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Агентӣ оид ба механизмҳои нави таъйини кумакпулии иҷтимоӣ, меъёрҳои баҳогузорӣ ва роҳҳои беҳсозии равандҳои мавҷуда маълумот дода, ба саволҳои ҳозирин ҷавоб гуфтанд.

Ин ташаббус дар доираи сиёсати ҳифзи иҷтимоии давлат барои баланд бардоштани сатҳи адолати иҷтимоӣ ва ҳимояи табақаҳои осебпазири ҷомеа амалӣ шуда, ҳамчун иқдоми муҳим дар самти таъмини ҳадафмандии кумакҳои давлатӣ арзёбӣ мегардад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 май 2025 13:30
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 69
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
21 июль 2023
Асосӣ / Тандурустӣ
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ НОҲИЯ ДАР ШАШ МОҲИ СОЛИ 2023 Санаи 18 июли соли 2023 дар толори Мақомоти

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
12 июнь 2024
Асосӣ / Маориф / Фарҳанг
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ОМИЛИ ЗАРУРИИ НЕРУМАНД Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30