ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯ |
ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯ Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, чорабинии муҳими варзишӣ - Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки садҳо варзишгар, сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъол баргузор гардид. Ин иқдом бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати варзишии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ оғоз ёфта, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Исматзода Саидшоҳ ҳозиринро бо иди ҷавонон табрик гуфта, варзишро ҳамчун омили муҳими солимии ҷомеа ва рушди иқтидори ҷавонон ном бурд. Ӯ таъкид намуд, ки бо пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир барои рушду тавсеаи соҳаи варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шуда, инфрасохтори варзишӣ дар ҳама гӯшаву канори кишвар рушд мекунад. Дар идомаи чорабинӣ, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ суханронӣ карда, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлатро нисбат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки варзиш танҳо воситаи солимгардонӣ нест, балки майдони муаррифии ҷавонони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. “Имрӯз Тоҷикистонро тавассути заҳмат ва муваффақиятҳои варзишгарони он мешиносанд ва ба дастовардҳои онҳо арҷ мегузоранд”, - афзуд Қурбонзода Қурбоналӣ. Тибқи маълумоти расмии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар ин чорабинӣ 80 нафар велосипедрон ва 3655 нафар иштирокчии Дави миллӣ ширкат варзиданд. Ин рақамҳо аз эҳтимоми баланди ҷавонон ба варзиш ва чорабиниҳои тарғиботии мақомот гувоҳӣ медиҳанд. Масири дав ва велосипедронӣ аз маркази ноҳия оғоз гардида, тавассути кӯчаи марказӣ идома ёфт. Шаҳрвандон бо ҳаяҷон ва рӯҳбаландӣ дар канори роҳҳо ҷамъ омада, иштирокчиёнро ташвиқ мекарданд. Ин намуди иштироки умумӣ, саҳми ҷомеа ва ҳамбастагии насли ҷавонро дар корҳои оммавӣ ва варзишӣ нишон дод. Дар фарҷоми чорабинӣ, ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли ин ду намуди мусобиқа - ҳам Дави миллӣ ва ҳам велосипедронӣ бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ шуданд. Ин чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки ҷавонони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар қатори пешсафони тарғиби тарзи ҳаёти солим қарор дошта, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, омодагӣ доранд, ки дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла варзиш, номи диёри худро баланд бардоранд.
Баргаштан |
26-05-2025, 14:46 |