НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯ
май 26 2025

ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯ

                                       ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ ДАР НОҲИЯ

      Субҳи рӯзи 18 майи соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, чорабинии муҳими варзишӣ - Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки садҳо варзишгар, сокинон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъол баргузор гардид.

Ин иқдом бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия роҳандозӣ шуда, ҳадаф аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстӣ миёни наврасону ҷавонон ва баланд бардоштани маърифати варзишии ҷомеа арзёбӣ мегардад. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ оғоз ёфта, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Исматзода Саидшоҳ ҳозиринро бо иди ҷавонон табрик гуфта, варзишро ҳамчун омили муҳими солимии ҷомеа ва рушди иқтидори ҷавонон ном бурд.

 Ӯ таъкид намуд, ки бо пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир барои рушду тавсеаи соҳаи варзиш шароити мусоид фароҳам оварда шуда, инфрасохтори варзишӣ дар ҳама гӯшаву канори кишвар рушд мекунад. Дар идомаи чорабинӣ, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ суханронӣ карда, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти олии давлатро нисбат ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш таъкид намуд. Ӯ изҳор дошт, ки варзиш танҳо воситаи солимгардонӣ нест, балки майдони муаррифии ҷавонони тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.

 “Имрӯз Тоҷикистонро тавассути заҳмат ва муваффақиятҳои варзишгарони он мешиносанд ва ба дастовардҳои онҳо арҷ мегузоранд”, - афзуд Қурбонзода Қурбоналӣ. Тибқи маълумоти расмии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия, дар ин чорабинӣ 80 нафар велосипедрон ва 3655 нафар иштирокчии Дави миллӣ ширкат варзиданд. Ин рақамҳо аз эҳтимоми баланди ҷавонон ба варзиш ва чорабиниҳои тарғиботии мақомот гувоҳӣ медиҳанд. Масири дав ва велосипедронӣ аз маркази ноҳия оғоз гардида, тавассути кӯчаи марказӣ идома ёфт.

 Шаҳрвандон бо ҳаяҷон ва рӯҳбаландӣ дар канори роҳҳо ҷамъ омада, иштирокчиёнро ташвиқ мекарданд. Ин намуди иштироки умумӣ, саҳми ҷомеа ва ҳамбастагии насли ҷавонро дар корҳои оммавӣ ва варзишӣ нишон дод. Дар фарҷоми чорабинӣ, ғолибон ва ширкаткунандагони фаъоли ин ду намуди мусобиқа - ҳам Дави миллӣ ва ҳам велосипедронӣ бо дипломҳо, сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия қадрдонӣ шуданд.

 Ин чорабинӣ бори дигар собит сохт, ки ҷавонони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар қатори пешсафони тарғиби тарзи ҳаёти солим қарор дошта, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, омодагӣ доранд, ки дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла варзиш, номи диёри худро баланд бардоранд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 26 май 2025 14:46
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 25
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30