БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶДОИЁТИ ХАЛҚ "АНДАЛЕБ - 2025" |
БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶДОИЁТИ ХАЛҚ "АНДАЛЕБ - 2025" ДАР НОҲИЯ Рӯзи 14 июли соли 2025, дар Қасри фарҳангии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, яке аз рӯйдодҳои фарҳангии муҳими ҷумҳурӣ - Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ таҳти унвони «Андалеб – 2025» бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, баргузор гардид, ки ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ равона шудааст. Дар маросими ифтитоҳии фестивал намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Сафарализода Собир, муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, Шукурзода Шаҳло ва дигар шахсиятҳои расмии соҳаи фарҳангу ҳунар иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо дар баромадҳои худ ба нақши муассири фарҳанг дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли наврас таъкид намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим ва саривақтӣ дар замони муосир арзёбӣ карданд. Фестивал-озмуни «Андалеб» яке аз саҳнаҳои муҳим барои муаррифии дастовардҳои фарҳангии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақсади асосии он - таблиғу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус ҷавонон ба санъату ҳунари миллӣ, эҳёи чеҳраҳои нави эҷодкор ва таҳкими нақши ансамблҳою гурӯҳҳои бадеӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар мебошад. Дар доираи фестивал, ҳунармандон аз гӯшаву канори ноҳия маҳорати хешро дар 12 номинатсияи гуногун намоиш доданд. Шартҳои озмун намоиши ҳунарҳои бадеӣ, иҷрои хор, навозиши умумӣ, рӯнамоии либосҳои миллии мардумӣ, рақсу суруди якка, навозиш бо дутор, порчаҳо аз ҷашну анъанаҳои миллӣ, бадеҳа, иҷрои сурудҳои фалакӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва сюитаи вокалӣ-хореографиро дар бар гирифт. Ҳунармандони маҳаллӣ бо маҳорати хуби саҳнавӣ ва садои ҷаззоб таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд. Баромадҳои онҳо ифодагари рангорангии фарҳанги миллӣ ва истеъдоди ғании эҷодии мардуми ноҳия буданд. Дар қисмати хотимавии фестивал намояндаи вилояти Хатлон баромад намуда, аз сатҳи омодагӣ ва иҷрои барномаи ҷолибу фарҳангии ҳунармандон изҳори қаноатмандӣ кард. Фестивали «Андалеб – 2025» боз як маротиба собит сохт, ки фарҳанги миллӣ чун ҷузъи ҷудонопазири ҳастии миллат, бояд пайваста пуштибонӣ ва ташвиқ гардад. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо фазои фарҳангиро ғанӣ месозанд, балки ҳамчун майдони кашфи истеъдодҳои наву умедбахш барои пешрафти минбаъдаи санъати тоҷик хидмат мекунанд. Баргаштан |
Вчера, 09:19 |