НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶДОИЁТИ ХАЛҚ "АНДАЛЕБ - 2025"
июль 19 2025

БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶДОИЁТИ ХАЛҚ "АНДАЛЕБ - 2025"

                       БАРГУЗОРИИ ФЕСТИВАЛ-ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭҶДОИЁТИ ХАЛҚ "АНДАЛЕБ - 2025"

     ДАР НОҲИЯ Рӯзи 14 июли соли 2025, дар Қасри фарҳангии ба номи Ҷалолиддини Балхӣ, яке аз рӯйдодҳои фарҳангии муҳими ҷумҳурӣ - Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ таҳти унвони «Андалеб – 2025» бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2023, №АП-318, баргузор гардид, ки ба рушди фарҳанги миллӣ ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ равона шудааст.

Дар маросими ифтитоҳии фестивал намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон Сафарализода Собир, муовинони раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, Шукурзода Шаҳло ва дигар шахсиятҳои расмии соҳаи фарҳангу ҳунар иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо дар баромадҳои худ ба нақши муассири фарҳанг дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва тарбияи насли наврас таъкид намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро муҳим ва саривақтӣ дар замони муосир арзёбӣ карданд. Фестивал-озмуни «Андалеб» яке аз саҳнаҳои муҳим барои муаррифии дастовардҳои фарҳангии мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад.

Мақсади асосии он - таблиғу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа, бахусус ҷавонон ба санъату ҳунари миллӣ, эҳёи чеҳраҳои нави эҷодкор ва таҳкими нақши ансамблҳою гурӯҳҳои бадеӣ дар ҳаёти фарҳангии кишвар мебошад.

Дар доираи фестивал, ҳунармандон аз гӯшаву канори ноҳия маҳорати хешро дар 12 номинатсияи гуногун намоиш доданд. Шартҳои озмун намоиши ҳунарҳои бадеӣ, иҷрои хор, навозиши умумӣ, рӯнамоии либосҳои миллии мардумӣ, рақсу суруди якка, навозиш бо дутор, порчаҳо аз ҷашну анъанаҳои миллӣ, бадеҳа, иҷрои сурудҳои фалакӣ, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва сюитаи вокалӣ-хореографиро дар бар гирифт. Ҳунармандони маҳаллӣ бо маҳорати хуби саҳнавӣ ва садои ҷаззоб таваҷҷуҳи ҳайати ҳакамон ва тамошобинонро ба худ ҷалб намуданд. Баромадҳои онҳо ифодагари рангорангии фарҳанги миллӣ ва истеъдоди ғании эҷодии мардуми ноҳия буданд. Дар қисмати хотимавии фестивал намояндаи вилояти Хатлон баромад намуда, аз сатҳи омодагӣ ва иҷрои барномаи ҷолибу фарҳангии ҳунармандон изҳори қаноатмандӣ кард. Фестивали «Андалеб – 2025» боз як маротиба собит сохт, ки фарҳанги миллӣ чун ҷузъи ҷудонопазири ҳастии миллат, бояд пайваста пуштибонӣ ва ташвиқ гардад. Ин гуна чорабиниҳо на танҳо фазои фарҳангиро ғанӣ месозанд, балки ҳамчун майдони кашфи истеъдодҳои наву умедбахш барои пешрафти минбаъдаи санъати тоҷик хидмат мекунанд. 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 19 июль 2025 09:19
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 19
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июль 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031