Вохӯрии омодагӣ ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" |
Вохӯрии омодагӣ ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" Санаи 28 июл дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳим бо иштироки муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло ва иштирокчиёни даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки бо ҳадафи тақвияти омодагиҳои иштирокчиён сурат гирифт, ба масоили муҳими марбут ба иштироки фаъолона дар ҳама номинатсияҳои озмун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Шукурзода Шаҳло зимни баромади худ муҳимияти ташаккули маънавии ҷомеа, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва саҳми арзишманди чунин озмунҳоро дар тарғиби фарҳанги мутолиа таъкид намуд. Тавре дар вохӯрӣ зикр шуд, мақсади асосии ин чорабинӣ на танҳо омодагии ҳамаҷониба ба даври сеюми озмун, балки бартарафсозии мушкилоти эҳтимолӣ, аз ҷумла таҳрири саҳеҳии ҳуҷҷатҳои иштирокчиён ва ислоҳи хатогиҳои имлоӣ ва илмӣ мебошад. Ба масъулон дастур дода шуд, то ҷиҳати расонидани машваратҳои методӣ ва дастгирии иштирокчиён дар омодасозии маводи озмунӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба ҳадафи баланд бардоштани маърифати китобдӯстӣ, эҳёи анъанаҳои нек ва арҷгузорӣ ба илму дониш дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мешавад ва солҳои охир ба як чорабинии муҳими фарҳангӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Дар анҷоми вохӯрӣ, иштирокчиён саволу пешниҳодҳои худро матраҳ намуданд ва итминон дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди иштирок дар озмун ва таъмини ҳузури сазовори ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ, тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Баргаштан |
Вчера, 08:15 |