НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Вохӯрии омодагӣ ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"
август 01 2025

Вохӯрии омодагӣ ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

                     Вохӯрии омодагӣ ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст"

      Санаи  28 июл дар толори Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии муҳим бо иштироки муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло ва иштирокчиёни даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар ҷараёни ин ҳамоиш, ки бо ҳадафи тақвияти омодагиҳои иштирокчиён сурат гирифт, ба масоили муҳими марбут ба иштироки фаъолона дар ҳама номинатсияҳои озмун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шуд.

Шукурзода Шаҳло зимни баромади худ муҳимияти ташаккули маънавии ҷомеа, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва саҳми арзишманди чунин озмунҳоро дар тарғиби фарҳанги мутолиа таъкид намуд. Тавре дар вохӯрӣ зикр шуд, мақсади асосии ин чорабинӣ на танҳо омодагии ҳамаҷониба ба даври сеюми озмун, балки бартарафсозии мушкилоти эҳтимолӣ, аз ҷумла таҳрири саҳеҳии ҳуҷҷатҳои иштирокчиён ва ислоҳи хатогиҳои имлоӣ ва илмӣ мебошад. Ба масъулон дастур дода шуд, то ҷиҳати расонидани машваратҳои методӣ ва дастгирии иштирокчиён дар омодасозии маводи озмунӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.       

Ёдовар мешавем, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба ҳадафи баланд бардоштани маърифати китобдӯстӣ, эҳёи анъанаҳои нек ва арҷгузорӣ ба илму дониш дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор мешавад ва солҳои охир ба як чорабинии муҳими фарҳангӣ дар кишвар табдил ёфтааст. Дар анҷоми вохӯрӣ, иштирокчиён саволу пешниҳодҳои худро матраҳ намуданд ва итминон дода шуд, ки барои фароҳам овардани шароити мусоиди иштирок дар озмун ва таъмини ҳузури сазовори ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ, тамоми чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 01 август 2025 08:15
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 11
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031