ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТ АСТ!


ХИЗМАТ БА ВАТАН-МОДАР ДАЛЕРИЮ ШУҶОАТАСТ

    Хизмат ба Ватан яке аз нишонаҳои муҳаббат ба Ватан аст, аммо на ҳар кас ба Ватани худ содиқона хидмат мекунад. Хидмат ба Ватану халқ қарзи ҳар як фарзанди вафодори миллат аст. Ҳар як фард ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарбозонаш мефахрад, зеро на ҳар кас сарбоз шуда метавонад. Набояд фаромӯш кард, ки ба сарбоз 3 чизи аз ҳама муқаддасро бовар кардаанд: Ватанро аз бегонагон муҳофизат намудан, Модари азизу меҳрубонро посбонӣ намудан ва ҳамчунин пойдор намудани сулҳ дар ҷаҳон. Бале, ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагӣ, Ваҳдат ва Истиқлол расидан, шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд дарк намуда, дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд. Маврид ба зикри хос аст, ки ҳамасола дар қатори дигар ҷавонони шуҷои Ватан, ҷавонони боору номуси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ бо сарбаландӣ ва азму иродаи қавӣ баҳри ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат мебанданд. Албатта, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи Ватан барои ҳар як ҷавон мактаби бузурги ҳаёту ватандӯстӣ, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат ба ҳисоб меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки бо ба даст омадани Истиқлоли давлатӣ хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ бо тамоми шароитҳои муосир ба роҳ монда шуда, сарбозон хизмати ҳарбиро бе мушкилӣ паси сар менамоянд. Бинобар ин ҷавононро мебояд ба хизмати ҳарбӣ ба таври ихтиёрӣ, бо дарки масъулияти фарзандӣ ва ватандӯстӣ баҳри иҷрои вазифаҳои конститутсионию ҷавонмардӣ ҳозир шуда, ба аҳди анъанавии ҷавонмардонаи хеш содиқ монда, бо хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва аз мактаби бузурги ҳаёт, ҷасорату мардонагӣ ва далерию шуҷоат гузаранд. Бояд ҷавонони шуҷои Ватан бо азми дил баҳри пойдории сулҳу оромӣ, Итстиқлолу озодӣ равонаи хизмати Модар-Ватан бошанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии кишвар ба шумор рафта, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Гуфтан зарур аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар Артиши миллӣ зина ба зина комил ва пуриқтидортар гардида, қобилияти ҳифозат, нигаҳдории кишвар ва оромии ҷамъиятро ба худ касб намуд. Сол то сол шароити хизмат барои сарбозон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ беҳтар гардида, инфрасохтори наву замонавӣ бо тамоми шароитҳои лозима сохта гардида истодаанд. Албатта, яке аз рукунҳои асосии давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолу ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва омили пешрафту шукуфоӣ, созандагию бунёдкорӣ мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад. Имрӯзҳо бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллӣ ба талаботи замон ҷавобгӯ буда, натанҳо дар дохили мамлакат, балки берун аз он низ нуфузу мавқеи хоса касб намудааст. Ин гувоҳӣ аз азму иродаи қавии ҷавонони бонангу ор ва ватандӯст мебошад, ки баҳри ҳифзи Ватан ҳамеша омода ҳастанд.

  Ибодуллоҳ Одинаи Мафтун


Баргаштан
19-10-2022, 09:27