ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ БУНГОҲИ ТИББӢ |
ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ БУНГОҲИ ТИББӢ Дар деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони як истгоҳи нав барои интизории нақлиёт дар назди бунгоҳи тиббӣ ҷараён дорад. Ин иқдом бо ташаббуси раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи сокинон, сохтмони ин истгоҳ, ки дар масири ҳаракати асосии деҳа қарор дорад, барои фароҳам овардани шароити беҳтари интизорӣ ба мардум, хусусан пиронсолон ва беморон, ки ба бунгоҳи тиббӣ муроҷиат мекунанд, мусоидат хоҳад кард. Раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки ташкили иншооти иҷтимоӣ як қадами муҳим дар самти беҳтарсозии шароити зиндагии сокинон аст: «Мо кӯшиш дорем, ки бо дастгирии худи аҳолӣ ва мақомоти маҳаллӣ корҳои ободониро дар деҳа идома диҳем. Сохтмони истгоҳ як қисми нақшаҳои ободонии мо барои солҳои наздик мебошад», - таъкид кард Раҷабалӣ Қараев. Ба иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз маводи маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ дар шакли кумаки ихтиёрӣ амалӣ шуда, қарор аст дар рӯзҳои наздик ба анҷом расанд. Сокинон аз ташаббуси роҳбари маҳалла изҳори хушнудӣ карда, умед доранд, ки дар оянда чунин иқдомҳо дар дигар гӯшаҳои деҳа низ амалӣ хоҳанд шуд.
Баргаштан |
11-08-2025, 06:39 |