НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ БУНГОҲИ ТИББӢ
август 11 2025

ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ БУНГОҲИ ТИББӢ

                                      ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ БУНГОҲИ ТИББӢ

      Дар деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сохтмони як истгоҳи нав барои интизории нақлиёт дар назди бунгоҳи тиббӣ ҷараён дорад. Ин иқдом бо ташаббуси раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев ба роҳ монда шудааст. Ба гуфтаи сокинон, сохтмони ин истгоҳ, ки дар масири ҳаракати асосии деҳа қарор дорад, барои фароҳам овардани шароити беҳтари интизорӣ ба мардум, хусусан пиронсолон ва беморон, ки ба бунгоҳи тиббӣ муроҷиат мекунанд, мусоидат хоҳад кард.

Раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев дар суҳбат бо мо изҳор дошт, ки ташкили иншооти иҷтимоӣ як қадами муҳим дар самти беҳтарсозии шароити зиндагии сокинон аст: «Мо кӯшиш дорем, ки бо дастгирии худи аҳолӣ ва мақомоти маҳаллӣ корҳои ободониро дар деҳа идома диҳем. Сохтмони истгоҳ як қисми нақшаҳои ободонии мо барои солҳои наздик мебошад», - таъкид кард Раҷабалӣ Қараев.

Ба иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ бо истифода аз маводи маҳаллӣ ва саҳми аҳолӣ дар шакли кумаки ихтиёрӣ амалӣ шуда, қарор аст дар рӯзҳои наздик ба анҷом расанд. Сокинон аз ташаббуси роҳбари маҳалла изҳори хушнудӣ карда, умед доранд, ки дар оянда чунин иқдомҳо дар дигар гӯшаҳои деҳа низ амалӣ хоҳанд шуд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 11 август 2025 06:39
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 35
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Август 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031