ШОМИ ПУРИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ - "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" |
ШОМИ ПУРИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ - "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" Шоми 3 августи соли 2025 дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо, зиёиёну фаъолон ва сокинони зиёд чорабинии идона таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Ин барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Маркази радиошунавоии №5-и ноҳия ташкил шуда, ҳадафи он арҷгузорӣ ба неъмати бузурги миллат - Истиқлолияти давлатӣ буд. Таъкид гардид, ки маҳз Истиқлолият роҳи нави зиндагиро барои тоҷикон боз карда, сабаби эҳёи суннату арзишҳои миллӣ гардид ва шароити рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Чорабинӣ бо сурудҳо ва навоҳои пурмазмуни санъаткорни маҳаллӣ гуворотар гардид. Навозандагону сарояндагон бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона фазои идонаро рангоранг намуда, меҳри мардумро ба Ватан ва Истиқлол боз ҳам тақвият бахшиданд. Сокинони ноҳия бо руҳияи баланд дар чорабинӣ ҳузур доштанд ва бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ сипоси худро аз неъмати соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёр иброз намуданд. Чорабинӣ бо аҳди ҳамагон барои ҳифзу ободии Ватан ва арҷгузорӣ ба Истиқлолият, ки рамзи озодӣ, ваҳдат ва сарбаландии миллати тоҷик аст, анҷом ёфт.
Баргаштан |
5-09-2025, 13:44 |