НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ШОМИ ПУРИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ - "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"
сентябрь 05 2025

ШОМИ ПУРИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ - "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

                                 ШОМИ ПУРИФТИХОРИ ВАТАНДӮСТӢ - "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

         Шоми 3 августи соли 2025 дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки роҳбарияти ноҳия, намояндагони ташкилоту идораҳо, зиёиёну фаъолон ва сокинони зиёд чорабинии идона таҳти унвони «Шукӯҳи Истиқлол» баргузор гардид. Ин барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Маркази радиошунавоии №5-и ноҳия ташкил шуда, ҳадафи он арҷгузорӣ ба неъмати бузурги миллат - Истиқлолияти давлатӣ буд. Таъкид гардид, ки маҳз Истиқлолият роҳи нави зиндагиро барои тоҷикон боз карда, сабаби эҳёи суннату арзишҳои миллӣ гардид ва шароити рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Чорабинӣ бо сурудҳо ва навоҳои пурмазмуни санъаткорни маҳаллӣ гуворотар гардид.

Навозандагону сарояндагон бо иҷрои сурудҳои ватандӯстона фазои идонаро рангоранг намуда, меҳри мардумро ба Ватан ва Истиқлол боз ҳам тақвият бахшиданд. Сокинони ноҳия бо руҳияи баланд дар чорабинӣ ҳузур доштанд ва бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ сипоси худро аз неъмати соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои давлати соҳибихтиёр иброз намуданд. Чорабинӣ бо аҳди ҳамагон барои ҳифзу ободии Ватан ва арҷгузорӣ ба Истиқлолият, ки рамзи озодӣ, ваҳдат ва сарбаландии миллати тоҷик аст, анҷом ёфт.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 05 сентябрь 2025 13:44
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 32
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
27 март 2024
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ

ТАҶЛИЛИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи

Маълумоти бештар
05 сентябрь 2025
---
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Маълумоти бештар
22 август 2025
---
"ШУКӮҲИ

"ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ" - ТАҶАССУМГАРИ ВАҲДАТУ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Маълумоти бештар
29 август 2025
---
ШОМИ ПУРШУКӮҲИ

ШОМИ ПУРШУКӮҲИ "ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ"

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930