НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
сентябрь 05 2025

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

                           НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

         Истиқлолият барои миллати тоҷик арзишмандтарин неъмат ва рамзи ҳастии давлатдорӣ маҳсуб меёбад. Дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ва сарнавиштсоз мебошад. Бо интихоб гардидани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми роҳбарии давлат, сохти конститутсионӣ барқарор ва сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Дар ин давра аркони асосии давлатдорӣ, аз ҷумла таъсиси Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ, ки вазифаи муқаддаси ҳифзи марзу буми Ватанро бар дӯш доранд, амалӣ шуд. Ҳамзамон сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат боиси оромиву суботи сиёсӣ, таъмини амнияти миллӣ ва муттаҳид сохтани тоҷикони ҷаҳон зери парчами сулҳу дӯстӣ гардид.

 Дар асари бунёдӣ ва таърихии худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” Пешвои миллат таъкид кардаанд, ки фарзандони бонангу шарафи миллат дар тамоми давру замон барои ҳифзи истиқлолият ва бақои давлати миллӣ талошҳои қаҳрамонона намудаанд. Ҳамон гуна ки дар бархе аз марҳилаҳо бо хираду фарҳанги воло ва дар бархе дигар бо муросою мадоро ва муборизаи сиёсиву иҷтимоӣ роҳи истиқлолталабиро паймудаанд. Истиқлолият, воқеан, неъмати беназир ва орзуи деринаи миллати тоҷик буд, ки на ба ҳар халқу миллат муяссар мегардад.

Маҳз бо шарофати иродаи қавии миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам омад, ки миллати тоҷик ба марҳалаи нави давлатдорӣ ворид гардад ва худ ҳамчун як давлати комилҳуқуқ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ шинохта шавад. Ҳанӯз 9 сентябри соли 1991 миллати тоҷик тавонист бо дастёбӣ ба Истиқлолияти давлатӣ пояи воқеии ҷомеаи демократӣ ва давлати ҳуқуқбунёдро гузорад. Ин рӯйдоди таърихӣ барои эҳёи ҳуввияти миллӣ, худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ такони бузург бахшид.

 Дар даврони истиқлол, бо тадбирҳои фарогири роҳбарияти олии кишвар монеаҳои ба ваҳдату якпорчагии миллӣ халалрасон аз байн бардошта шуданд ва Тоҷикистони азиз ба қаламрави воҳид табдил ёфт. Дар натиҷа, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо – сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Истиқлолият халқи тоҷикро соҳиби ҳаққи комилҳуқуқи сарнавишти худ гардонид ва Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи башар ворид гардид. Ин воқеият баёнгари он аст, ки Истиқлолият барои миллати тоҷик заминаи асосии рушди ҷомеа ва пояи давлатдории муосир мебошад.

 Имсол мардуми сарбаланди тоҷик дар ҳоли омодагӣ ба таҷлили бошукӯҳи 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор доранд. Ин ҷашн ҳамчун рамзи ваҳдат, озодӣ ва худшиносии миллӣ дар тамоми шаҳру навоҳии Ватани азизамон баргузор мегардад. Кулли сокинони кишвар, аз ҷумла кормандони муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, бо масъулияти баланд ба истиқболи ин рӯйдоди таърихӣ омодагӣ мебинанд. Ҳақиқат он аст, ки ҷашни Истиқлолият шоҳҷашнҳои Ватан аст ва нишонаи равшани соҳибихтиёрии давлатдории навини тоҷикон ба шумор меравад. Наҷмиддинзода СОБИР, сардори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 05 сентябрь 2025 15:05
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 30
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
25 ноябрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ

ТА Ҷ ЛИЛИ Р Ӯ ЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ Ҷ УМ Ҳ УРИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ АЛОЛИДДИНИ БАЛХ Ӣ Бахшида ба иди Рӯзи

Маълумоти бештар
05 сентябрь 2025
---
ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ

ИСТИ Қ ЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ СУЛ Ҳ , ОБОД Ӣ ВА ПЕШРАФТИ ТО Ҷ ИКИСТОН

Маълумоти бештар
24 ноябрь 2022
Асосӣ
ПАРЧАМИ МО-ҶИЛВАИ ИҚБОЛИ

ПАРЧАМИ МО-ҶИЛВАИ ИҚБОЛИ МО Парчам рамзи Ватан, номус ва нанги миллат аст. Тоҷикон дар ҳайати Бухорои шариф ва

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930