НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ СУЛҲ, ОБОДӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН
сентябрь 05 2025

ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ СУЛҲ, ОБОДӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

                            ИСТИҚЛОЛИЯТ - ЗАМИНАИ СУЛҲ, ОБОДӢ ВА ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН

         Сиву чор сол қабл миллати тоҷик ба орзуи таърихии худ - соҳибистиқлолӣ ноил гардид, ки он 9 сентябри соли 1991 ҳамчун рӯзи тавлиди давлати миллии тоҷикон дар саҳифаҳои таърихи навини кишвар сабт шуд. Аммо ин Истиқлолият дар оғози роҳ бо имтиҳонҳои сангин, аз ҷумла бо ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Агар роҳнамоӣ ва хирадмандии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, шояд сарнавишти тоҷикон ба дигар самт мерафт. Ҳар миллатро раҳбари хирадманд ба сӯи ваҳдат ва сарҷамъӣ мебарад.

Эмомалӣ Раҳмон аз намоёнтарин роҳбаронест, ки соли 1992 дар ҳассостарин марҳалаи таърихӣ, бо иродаи қавӣ ва ҷасорати бузург ба саҳнаи сиёсат омад. Ӯ дар Музокироти сулҳ дар саҳифаи таърихи муосири ҷаҳон намунаи нотакрор гузошт. Ба шарофати саъю талошҳои пайгиронааш Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 ба имзо расид. Ин санад бошад, барои миллат мисли эъломияи наҷот муҳофизи халқи кишвар гашт.

Аз он рӯзҳо то имрӯз, сулҳу субот ҳамчун арзишмандтарин дастоварди давлату миллат мавқеи аввалро соҳиб аст. Маҳз решаи сулҳу ваҳдат қавӣ гашт, ки Тоҷикистон як замон дар вартаи нестӣ қарор дошта, ба кишвари ором, бунёдкор ва пешрафта табдил ёфт. Дар тӯли ин 34 сол Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳҳои пурифтихореро тай намуд аз ҷумла: Бунёди давлатдорӣ:

Қабули Конститутсия, таъсиси сохторҳои давлатдорӣ ва аркони ҳокимият, таҳкими қонуният. Энергетика: Амалӣ шудани барномаи «Истиқлолияти энергетикӣ», сохтмони неругоҳҳои бузург, аз ҷумла НБО «Роғун», ки рамзи қудрат ва ифтихори миллӣ гардидааст. Инфрасохтор: Садҳо километр роҳу пулҳои муосир бунёд шудан, ки Тоҷикистонро ба маркази робитаҳои минтақавӣ табдил медиҳанд. Маориф ва фарҳанг: Сохтмони мактабҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ ва фарҳангӣ, эҳёи суннатҳои миллӣ ва арзишҳои таърихӣ.

Сиёсати хориҷӣ: Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, узви фаъол ва босамари созмонҳои байналмилалӣ гардиданд. Ҳар як шаҳрванди кишвар шоҳид аст, ки кишвари мо имрӯз бо қадамҳои устувор ба сӯи ҷомеаи муосир ва давлатдории миллӣ пеш меравад. Бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳои бузург, ҳамеша нафароне ҳастанд, ки ба ҷойи шукргузорӣ аз оромиву ваҳдат, санги маломат ба сӯйи ин ободӣ меандозанд. Онҳо ё аз ноогоҳӣ ва ё аз манфиатҷӯӣ ҳақиқати равшанро нодида мегиранд. Аммо миллат борҳо собит кардааст, ки бояд ба суханони носипосон гӯш надода, ватанро муҳофиза намоянд. Қайд бояд кард, ки сулҳу оромӣ, ободӣ ва Истиқлолият барои тоҷикон азизтар аз ҳама чиз аст. Миллат хуб медонад, ки бе ин арзишҳо на пешрафт имкон дорад ва на зиндагии шоиста. Ҳар талоши бадхоҳон барои сиёҳ кардани ин дастовардҳо маҳкум ба нокомист, зеро мардум шахсан, натиҷаҳои бунёдкориро дар зиндагии худ эҳсос мекунанд. Агар ба рушду нумуи давраи Истиқлолият назар андозем, таълифи чандин китобҳо мегардад. Хулоса бояд кард, ки Истиқлолият ба тоҷикон имкони бозсозии давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва пешрафти воқеиро фароҳам овард. Хизматҳои Пешвои миллат дар ин ҷода барои таърихи навини тоҷикон сарнавиштсоз буданд ва сарнавиштсоз мемонанд. Тоҷикистонро имрӯз дар арсаи ҷаҳонӣ бо номи кишвари сулҳҷӯ ва ваҳдатгаро мешиносанд. Пас, ҳифзи Истиқлолият ва дастовардҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Ва ба қавле, «миллате, ки қадри сулҳро медонад, ҳеҷ гоҳ ба гирдоби ҷанг намеафтад». Исматзода Кароматулло Исмат, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 05 сентябрь 2025 15:01
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 33
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш
ИНСОН БА МЕҲР ВА

ИНСОН БА МЕҲР ВА МЕҲРУБОНӢ НИЁЗ ДОРАД Тавре ба ҳамагон маълум аст, инсон аз инсон аввалан бо хости Илоҳӣ ва сипас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
05 сентябрь 2025
---
НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР

НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Маълумоти бештар
17 ноябрь 2022
Президент
ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ

ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ИФТИХОРИ МИЛЛАТ Дар таърихи давлатдории миллати соҳибтамаддуни тоҷик санаи 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930