«ИСТИҚЛОЛИЯТ - МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ» |
«ИСТИҚЛОЛИЯТ - МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ» Таҳти ҳаммн унвон, бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ дар толори Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳия ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ раиси Суд Назариён А.Н., ҳозиринро ба муносибати ин санаи бузурги миллӣ табрик гуфта, аҳаммияти таърихӣ ва тақдирсози Истиқлолиятро таъкид намуд. Мавсуф зикр кард, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлати тоҷикон тавонист пояҳои Истиқлолро таҳким бахшида, дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардад. Раиси Суд ҳамчунин, нақши муассири Истиқлолиятро дар рушди низоми адлия ва ҳокимияти судӣ махсус таъкид карда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои устувори қонуният ва адолати судӣ фароҳам омадаанд. Дар идома, судяҳои Суди ноҳия бо суханрониҳои худ баромад намуда, мавзӯъҳои муҳимро матраҳ карданд. Аз ҷумла, дар бораи «Истиқлолият - меҳвари рушди давлатдорӣ» ва «Истиқлолият - рамзи озодӣ, сулҳ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ» андешаҳои пурмазмун ироа гардид. Ҷамъомад бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва қадрдонии арзишҳои Истиқлол анҷом ёфт.
Баргаштан |
11-09-2025, 09:16 |