НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » «ИСТИҚЛОЛИЯТ - МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ»
сентябрь 11 2025

«ИСТИҚЛОЛИЯТ - МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ»

                                   «ИСТИҚЛОЛИЯТ - МЕҲВАРИ РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ»

       Таҳти ҳаммн унвон, бахшида ба ҷашни 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 5 сентябри соли ҷорӣ дар толори Суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳия ширкат варзиданд. Дар оғози чорабинӣ раиси Суд Назариён А.Н., ҳозиринро ба муносибати ин санаи бузурги миллӣ табрик гуфта, аҳаммияти таърихӣ ва тақдирсози Истиқлолиятро таъкид намуд.

Мавсуф зикр кард, ки маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давлати тоҷикон тавонист пояҳои Истиқлолро таҳким бахшида, дар самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардад. Раиси Суд ҳамчунин, нақши муассири Истиқлолиятро дар рушди низоми адлия ва ҳокимияти судӣ махсус таъкид карда, иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои устувори қонуният ва адолати судӣ фароҳам омадаанд.

Дар идома, судяҳои Суди ноҳия бо суханрониҳои худ баромад намуда, мавзӯъҳои муҳимро матраҳ карданд. Аз ҷумла, дар бораи «Истиқлолият - меҳвари рушди давлатдорӣ» ва «Истиқлолият - рамзи озодӣ, сулҳ ва дастовардҳои Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ» андешаҳои пурмазмун ироа гардид. Ҷамъомад бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва қадрдонии арзишҳои Истиқлол анҷом ёфт.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 11 сентябрь 2025 09:16
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 15
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
31 май 2024
Асосӣ / Маориф / Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ -

«МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ - ПАДИДАИ НОДИР ВА БЕБАҲО» Таҳти ин унвон санаи 30 майи соли 2024 Дар толори калони мақомоти

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2023
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ

ТАҶЛИЛИ 29-УМИН СОЛГАРДИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 ноябри соли

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930