НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
февраль 10 2026

Изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

admin Сегодня, 14:55 Асосӣ 12

ДУШАНБЕ, 10.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 феврали соли 2026, тахминан соати 01:20 дақиқа дар ҳудуди минтақаи хизматрасонии дидбонгоҳи сарҳадии «Дарқади»-и қисми ҳарбии 0307-и Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ 4 нафар қочоқбари афғон сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон гузаштанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангии хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ масири ҳаракати ҷинояткорон муайян ва қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ карда шуд. Як нафар қочоқбар Авалмир валади Абдулҳаким, тахминан 45-сола, сокини қарияи Майдапатаи вулусволии Дарқади вилояти Тахори Афғонистон боздошт ва аз ӯ 46 баста маводи мухаддири навъи “ҳашиш” мусодира гардид.

Ҳамчунин, аз ҷойи ҳодиса 2 адад камераи резинӣ дарёфт карда шуд, ки қочоқбарон ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳадӣ давлатӣ аз он истифода бурдаанд.

Ба аъзои боқимондаи гурӯҳи нашъаҷаллоб муяссар шуд, ки бо истифода аз торикии шаб ба самти Афғонистон фирор намоянд.

Вобаста ба далели мазкур аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастрасии моддаҳои 200 (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан), 289 (Қочоқ) ва 335 (Ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии
Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: admin
  • Санаи нашр: 10 февраль 2026 14:55
  • Категорияи нашр: Асосӣ
  • Шумораи диди нашр: 12
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
16 сентябрь 2022
Асосӣ
ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ

ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ АҲЛИ ОСОИШТАИ БАҲСИ САРҲАДИСТ! Чӣ тавре, ки АМИТ “Ховар” иттилоъ дод, “14 сентябри соли

Маълумоти бештар
26 сентябрь 2025
---
АЗ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ

АЗ ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ НАШЪАДОР ТО ХАТАРИ ҲАЗОРСИПАНД

Маълумоти бештар
28 сентябрь 2022
Асосӣ
«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ».

«МО БОЯД ЭҲТИЁТ ШАВЕМ». Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов гуфт, ки ташкили

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Февраль 2026    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
232425262728