ИҚДОМИ СОЗАНДА БО ТАШАББУСИ РАИСИ МАҲАЛЛА


                                       ИҚДОМИ СОЗАНДА БО ТАШАББУСИ РАИСИ МАҲАЛЛА

         Дар деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонӣ бо суръати баланд идома доранд. Бо ташаббуси раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев, чанде аз роҳраву кӯчаҳои назди бунгоҳи деҳа асфалтпӯш карда мешаванд. Сокинон мегӯянд, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа ба беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ бештар гардида, иқдомҳои гуногуни созандагӣ амалӣ мешаванд. Асфалтпӯш кардани кӯчаҳо яке аз иқдомҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки барои осонии ҳаракати нақлиёт, беҳтар шудани дастрасии мардум ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва боло рафтани симои деҳа мусоидат мекунад. Раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев иброз дошт, ки корҳои ободонӣ танҳо бо кӯшиши як нафар анҷом намеёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории сокинон ва дастгирии ҷамоати зикршуда шароити мусоид фароҳам овардааст, то деҳа рӯ ба рӯшноӣ ва шукуфоӣ орад. Бо татбиқи чунин барномаҳои созандагӣ интизор меравад, ки симои деҳаи Асадулло боз ҳам зеботар гардида, шароити зиндагии сокинон беҳтар шавад.

 


Баргаштан
11-09-2025, 09:21