НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ИҚДОМИ СОЗАНДА БО ТАШАББУСИ РАИСИ МАҲАЛЛА
сентябрь 11 2025

ИҚДОМИ СОЗАНДА БО ТАШАББУСИ РАИСИ МАҲАЛЛА

                                       ИҚДОМИ СОЗАНДА БО ТАШАББУСИ РАИСИ МАҲАЛЛА

         Дар деҳаи Асадуллои Ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корҳои ободонӣ бо суръати баланд идома доранд. Бо ташаббуси раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев, чанде аз роҳраву кӯчаҳои назди бунгоҳи деҳа асфалтпӯш карда мешаванд. Сокинон мегӯянд, ки дар солҳои охир таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа ба беҳтар намудани шароити зисти аҳолӣ бештар гардида, иқдомҳои гуногуни созандагӣ амалӣ мешаванд. Асфалтпӯш кардани кӯчаҳо яке аз иқдомҳои муҳиме ба ҳисоб меравад, ки барои осонии ҳаракати нақлиёт, беҳтар шудани дастрасии мардум ба муассисаҳои иҷтимоӣ ва боло рафтани симои деҳа мусоидат мекунад. Раиси маҳалла Раҷабалӣ Қараев иброз дошт, ки корҳои ободонӣ танҳо бо кӯшиши як нафар анҷом намеёбанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории сокинон ва дастгирии ҷамоати зикршуда шароити мусоид фароҳам овардааст, то деҳа рӯ ба рӯшноӣ ва шукуфоӣ орад. Бо татбиқи чунин барномаҳои созандагӣ интизор меравад, ки симои деҳаи Асадулло боз ҳам зеботар гардида, шароити зиндагии сокинон беҳтар шавад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 11 сентябрь 2025 09:21
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 16
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

11 сентябрь 2025
---
ИҚДОМИ СОЗАНДА БО

ИҚДОМИ СОЗАНДА БО ТАШАББУСИ РАИСИ МАҲАЛЛА

Маълумоти бештар
24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
11 август 2025
---
ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ

ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИСТГОҲИ НАВ ДАР НАЗДИ БУНГОҲИ ТИББӢ

Маълумоти бештар
23 июнь 2025
---
ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР: МАРКАЗИ ТАШХИСӢ ВА ТАБОБАТИИ "РУСТАМ" ДАР ХИЗМАТИ

Маълумоти бештар
29 апрель 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Мақомоти иҷроия
ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ

ДАР ПРОКУРАТУРАИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ НОҲИЯ ДОИР ГАРДИД

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Сентябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930