ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: ҶАВОНОН БО ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ШОМИЛ МЕШАВАНД |
|
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: ҶАВОНОН БО ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ШОМИЛ МЕШАВАНД. 1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи бошукӯҳи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони наваскарон ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифт. Маросим аз роҳпаймоии пуршукӯҳи даъватшавандагон оғоз ёфт. Ҷавонон, ки бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва дили пур аз ифтихор ба саҳни варзишгоҳ ворид гардиданд, омодагии худро барои адои хизмати ҳарбӣ баён карданд. Онҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии ҷиддӣ барои хизмат ба Артиши миллӣ нишон доданд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии табрикии худ таъкид намуд, ки ҳифзи суботу амнияти кишвар аз ҷавонони шуҷоъ, далер ва ватандӯст вобаста аст. «Имрӯз Артиши миллӣ ба ҷавонони худогоҳу соҳибмаърифат ниёз дорад. Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавонмард қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад. Ҷасорат ва садоқати шумо кафолати амнияту оромии кишвар аст», - иброз намуд раиси ноҳия. Падару модарони даъватшавандагон низ бо суханрониҳои самимӣ ҷавононро ба иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуда, хизмат ба Ватанро нишонаи мардонагӣ ва шарафи миллӣ арзёбӣ карданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ба як гурӯҳ даъватшавандагон, ки қаблан курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм карда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шаш ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро ройгон супорид. Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия низ ба 21 нафар шаҳодатномаи касбӣ бо ихтисосҳои гуногун тақдим намуд, то онҳо пас аз анҷоми хизмат бо касбу ҳунар ба ҷомеа баргарданд. Бар асоси суннатҳои миллӣ барои наваскарон маросими рамзии нонгазон баргузор шуд ва дастархони идона ороста гардид. Ҳунармандони бахши фарҳанг низ бо барномаи консертии ватандӯстона рӯҳияи тантанаро боз ҳам баландтар карданд. Ин маъракаи бошукӯҳи тирамоҳӣ на танҳо маросими гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ буд, балки боз як намоиши равшани руҳияи ватандӯстӣ ва омодагии шаҳрвандон барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва суботи кишвар маҳсуб гардид.
Баргаштан |
| Сегодня, 08:21 |