НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: ҶАВОНОН БО ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ШОМИЛ МЕШАВАНД
ноябрь 18 2025

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: ҶАВОНОН БО ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ШОМИЛ МЕШАВАНД

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 08:21 --- 0

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ: ҶАВОНОН БО ЭҲСОСИ ВАТАНДӮСТӢ БА САФИ АРТИШИ МИЛЛӢ ШОМИЛ                                                                            МЕШАВАНД.

         1-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маъракаи бошукӯҳи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Чорабинӣ бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, падару модарони наваскарон ва сокинони маҳаллӣ сурат гирифт. Маросим аз роҳпаймоии пуршукӯҳи даъватшавандагон оғоз ёфт. Ҷавонон, ки бо шиору овезаҳои ватандӯстона ва дили пур аз ифтихор ба саҳни варзишгоҳ ворид гардиданд, омодагии худро барои адои хизмати ҳарбӣ баён карданд.

Онҳо аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуда, омодагии ҷиддӣ барои хизмат ба Артиши миллӣ нишон доданд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар суханронии табрикии худ таъкид намуд, ки ҳифзи суботу амнияти кишвар аз ҷавонони шуҷоъ, далер ва ватандӯст вобаста аст. «Имрӯз Артиши миллӣ ба ҷавонони худогоҳу соҳибмаърифат ниёз дорад.

 Хизмат ба Ватан барои ҳар ҷавонмард қарзи муқаддас ва мояи ифтихор мебошад. Ҷасорат ва садоқати шумо кафолати амнияту оромии кишвар аст», - иброз намуд раиси ноҳия. Падару модарони даъватшавандагон низ бо суханрониҳои самимӣ ҷавононро ба иҷрои вазифаи шаҳрвандӣ ҳидоят намуда, хизмат ба Ватанро нишонаи мардонагӣ ва шарафи миллӣ арзёбӣ карданд. Дар ҷараёни чорабинӣ ба як гурӯҳ даъватшавандагон, ки қаблан курси ронандагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм карда буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба шаш ҷуфт навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро ройгон супорид.

Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия низ ба 21 нафар шаҳодатномаи касбӣ бо ихтисосҳои гуногун тақдим намуд, то онҳо пас аз анҷоми хизмат бо касбу ҳунар ба ҷомеа баргарданд. Бар асоси суннатҳои миллӣ барои наваскарон маросими рамзии нонгазон баргузор шуд ва дастархони идона ороста гардид. Ҳунармандони бахши фарҳанг низ бо барномаи консертии ватандӯстона рӯҳияи тантанаро боз ҳам баландтар карданд. Ин маъракаи бошукӯҳи тирамоҳӣ на танҳо маросими гусели ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ буд, балки боз як намоиши равшани руҳияи ватандӯстӣ ва омодагии шаҳрвандон барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва суботи кишвар маҳсуб гардид.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 18 ноябрь 2025 08:21
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 0
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
03 октябрь 2023
Асосӣ
ХИЗМАТ БА ВАТАН НОМУС ВА

ХИЗМАТ БА ВАТАН НОМУС ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони

Маълумоти бештар
02 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш / Фарҳанг / Раияи ноҳия
1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ

1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ! Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1

Маълумоти бештар
06 октябрь 2022
Асосӣ
70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ

70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ САФАРБАР КАРДА ШУД Моҳҳои октябр-ноябр дар

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Асосӣ
ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН БА

ДАЪВАТИ НАВАСКАРОН БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР Мусаллам аст, ки бузургии ҳар як давлат аз ҳастии артиши он вобастагии

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930