МУЛОҚОТИ САМИМИЮ СОЗАНДА БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" |
|
МУЛОҚОТИ САМИМИЮ СОЗАНДА БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА" Санаи 7 октябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи ташаббуси умуминоҳиявии “Даҳа ба деҳа” вохӯрии навбатӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин баргузор гардид. Вохӯрӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навбаҳор доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарбиявии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъулин оид ба раванди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву садоқатмандии насли наврас, пешгирии ҳолатҳои беҳудагардии ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ сухан гуфтанд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки марҳилаи ниҳоии ҷамъоварии ҳосили пахта бояд бо масъулияту ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба анҷом расад. Масъалаи истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд. Зимни суханрониҳо ба зарурати тақвияти корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани деҳаву маҳаллаҳо ва саҳмгузории ҳар як шаҳрванд дар пешрафти зебоии муҳити зист низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба саволҳои сокинон посух дода, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва пешбурди корҳои идеологиву иҷтимоӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.
Баргаштан |
| Сегодня, 09:52 |