НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » МУЛОҚОТИ САМИМИЮ СОЗАНДА БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"
ноябрь 20 2025

МУЛОҚОТИ САМИМИЮ СОЗАНДА БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 09:52 --- 3

                             МУЛОҚОТИ САМИМИЮ СОЗАНДА БО УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА"

         Санаи 7 октябри соли ҷорӣ дар доираи татбиқи ташаббуси умуминоҳиявии “Даҳа ба деҳа” вохӯрии навбатӣ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин баргузор гардид. Вохӯрӣ бо иштироки сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навбаҳор доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва тарбиявии ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, масъулин оид ба раванди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву садоқатмандии насли наврас, пешгирии ҳолатҳои беҳудагардии ҷавонон ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ сухан гуфтанд.

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки марҳилаи ниҳоии ҷамъоварии ҳосили пахта бояд бо масъулияту ҳисси баланди меҳнатдӯстӣ ба анҷом расад. Масъалаи истифодаи оқилона ва сарфакоронаи неруи барқ низ яке аз мавзӯъҳои меҳварии мулоқот буд.

Зимни суханрониҳо ба зарурати тақвияти корҳои ободонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани деҳаву маҳаллаҳо ва саҳмгузории ҳар як шаҳрванд дар пешрафти зебоии муҳити зист низ таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар анҷоми вохӯрӣ иштирокдорон ба саволҳои сокинон посух дода, барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва пешбурди корҳои идеологиву иҷтимоӣ тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 ноябрь 2025 09:52
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 3
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
29 август 2025
---
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ НЕРУИ БАРҚ - КАЛИДИ РУШДИ ИҚТИСОД

Маълумоти бештар
19 сентябрь 2025
---
САҲМГУЗОРИИ

САҲМГУЗОРИИ ДАСТАҶАМЪОНАИ МАРДУМ ДАР ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ФАРОВОН

Маълумоти бештар
29 август 2025
---
ҶАВОНОН БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ

ҶАВОНОН БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА САҲМГУЗОРӢ МЕКУНАНД

Маълумоти бештар
18 июнь 2025
---
ДАР ДОИРАИ УСУЛИ

ДАР ДОИРАИ УСУЛИ "ДЕҲА БА ДЕҲА": МУЛОҚОТИ МАСЪУЛИН БО СОКИНОНИ МАҲАЛ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930