БАРГАШТИ ИФТИХОРОФАРИ САРБОЗИ ШУҶОЪ БА ДИЁРИ МОДАРӢ


                    БАРГАШТИ ИФТИХОРОФАРИ САРБОЗИ ШУҶОЪ БА ДИЁРИ МОДАРӢ

   Санаи 13 октябри соли 2025 дар як муҳити пуршукӯҳ ва тантанавӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарбози шуҷоъ ва варзишгари номбардори ноҳия Баротов Алишер - мураббии Муассисаи давлатии Мактаби варзиши ноҳияро, ки баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ ба диёри худ баргашт, бо эҳтироми хоса истиқбол гирифтанд. Алишер Баротов соли 2024 бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ шомил шуда, имрӯз, баъди анҷоми пурифтихори хизмат, ҳамчун намунаи ҷавонмардӣ ва садоқат ба Ватан ба диёри аҷдодӣ баргашт.  Дар маросими истиқболи ӯ намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, роҳбарияти Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, варзишгарон, ҷавонон ва ҳамкорону шогирдонаш иштирок намуданд. Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони шуҷоъи миллат, ки бо садоқат ба савганди ҳарбӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро намудаанд, баргузор гардид.  Зимни суханрониҳои иштирокчиён таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстӣ буда, ҳар як ҷавони кишвар бояд бо ифтихор ва масъулияти баланд ин вазифаи муҳими шаҳрвандиро адо намояд. Ба сарбози шуҷоъ Баротов Алишер аз ҷониби масъулини соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҷавонон ва шогирдони ӯ барномаи фарҳангии варзишӣ пешкаш гардида, хотири ҳозиринро болида гардониданд. Маросими истиқбол бо фазои гарми эҳтиром ва муҳаббат ба Ватан ҷамъбаст ёфт. Ҳозирин таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳо на танҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони шуҷоъ аст, балки тақвияти руҳияи ватандӯстӣ ва инкишофи ҳисси масъулият дар миёни ҷавонон мебошад.

 


Баргаштан
Сегодня, 10:11