НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » БАРГАШТИ ИФТИХОРОФАРИ САРБОЗИ ШУҶОЪ БА ДИЁРИ МОДАРӢ
ноябрь 20 2025

БАРГАШТИ ИФТИХОРОФАРИ САРБОЗИ ШУҶОЪ БА ДИЁРИ МОДАРӢ

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 10:11 --- 5

                    БАРГАШТИ ИФТИХОРОФАРИ САРБОЗИ ШУҶОЪ БА ДИЁРИ МОДАРӢ

   Санаи 13 октябри соли 2025 дар як муҳити пуршукӯҳ ва тантанавӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сарбози шуҷоъ ва варзишгари номбардори ноҳия Баротов Алишер - мураббии Муассисаи давлатии Мактаби варзиши ноҳияро, ки баъди анҷоми хизмати ҳарбӣ ба диёри худ баргашт, бо эҳтироми хоса истиқбол гирифтанд. Алишер Баротов соли 2024 бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи қавӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ шомил шуда, имрӯз, баъди анҷоми пурифтихори хизмат, ҳамчун намунаи ҷавонмардӣ ва садоқат ба Ватан ба диёри аҷдодӣ баргашт.  Дар маросими истиқболи ӯ намояндагони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, роҳбарияти Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, варзишгарон, ҷавонон ва ҳамкорону шогирдонаш иштирок намуданд. Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони шуҷоъи миллат, ки бо садоқат ба савганди ҳарбӣ қарзи муқаддаси шаҳрвандии худро дар назди Ватан иҷро намудаанд, баргузор гардид.  Зимни суханрониҳои иштирокчиён таъкид шуд, ки хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагӣ, шуҷоат ва ватандӯстӣ буда, ҳар як ҷавони кишвар бояд бо ифтихор ва масъулияти баланд ин вазифаи муҳими шаҳрвандиро адо намояд. Ба сарбози шуҷоъ Баротов Алишер аз ҷониби масъулини соҳа Сипоснома ва туҳфаҳои рамзӣ тақдим гардид. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби ҷавонон ва шогирдони ӯ барномаи фарҳангии варзишӣ пешкаш гардида, хотири ҳозиринро болида гардониданд. Маросими истиқбол бо фазои гарми эҳтиром ва муҳаббат ба Ватан ҷамъбаст ёфт. Ҳозирин таъкид намуданд, ки чунин иқдомҳо на танҳо арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони шуҷоъ аст, балки тақвияти руҳияи ватандӯстӣ ва инкишофи ҳисси масъулият дар миёни ҷавонон мебошад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 ноябрь 2025 10:11
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 5
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
26 сентябрь 2023
Асосӣ
ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ

ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб

Маълумоти бештар
03 октябрь 2023
Асосӣ
ХИЗМАТ БА ВАТАН НОМУС ВА

ХИЗМАТ БА ВАТАН НОМУС ВА ҚАРЗИ ҲАР ЯК ҶАВОНМАРД АСТ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони

Маълумоти бештар
02 апрель 2024
Асосӣ / Варзиш / Фарҳанг / Раияи ноҳия
1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ

1 АПРЕЛ - ОҒОЗИ ДАЪВАТИ БАҲОРӢ! Тавре маълум аст, ҳамасола дар саросари кишварамон -Тоҷикистони азиз шурӯъ аз 1

Маълумоти бештар
06 октябрь 2022
Асосӣ
70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ

70 НАФАР ҶАВОНОНИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ САФАРБАР КАРДА ШУД Моҳҳои октябр-ноябр дар

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930