СОРАИ САИДЗОДА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БИБЛИОМАРАФОН"


                     СОРАИ САИДЗОДА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БИБЛИОМАРАФОН"

         Нисораи Саидзода, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва аъзои фаъоли Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» иштирок намуда, байни садҳо иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардид.

Бино ба иттилои деректори Китобхонаи марказии ноҳия Салимзода Наргис, озмун бо ҳадафи ҷалби хонандагони ҷавон ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва таблиғи фарҳанги китобдорӣ байни наврасону ҷавонон баргузор гардидааст.

Нисораи Саидзода, ки солҳои охир яке аз хонандагони фаъоли Китобхона ба шумор меравад, бо иштироки фаъолона ва дониши хуби худ дар самти китобу мутолиа тавонист миёни даҳҳо довталаби дигар ҷойи сеюмро сазовор гардад. Ба ғолибон дар маросими ҷамъбастии озмун Дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулӣ супурда шуд.

Нисораи Саидзода барои ишғоли ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Масъулони китобхона иброз доштанд, ки дастоварди хонандаи ҷавон нишони болоравии сатҳи мутолиа дар байни ҷавонони ноҳия буда, ба дигар хонандагон низ ангезаи тоза мебахшад.

 


Баргаштан
Сегодня, 10:13