НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » СОРАИ САИДЗОДА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БИБЛИОМАРАФОН"
ноябрь 20 2025

СОРАИ САИДЗОДА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БИБЛИОМАРАФОН"

МИҲД н. Ҷ. Балхӣ Сегодня, 10:13 --- 0

                     СОРАИ САИДЗОДА - ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "БИБЛИОМАРАФОН"

         Нисораи Саидзода, хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва аъзои фаъоли Китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» иштирок намуда, байни садҳо иштирокчӣ сазовори ҷои сеюм гардид.

Бино ба иттилои деректори Китобхонаи марказии ноҳия Салимзода Наргис, озмун бо ҳадафи ҷалби хонандагони ҷавон ба мутолиаи китоб, баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва таблиғи фарҳанги китобдорӣ байни наврасону ҷавонон баргузор гардидааст.

Нисораи Саидзода, ки солҳои охир яке аз хонандагони фаъоли Китобхона ба шумор меравад, бо иштироки фаъолона ва дониши хуби худ дар самти китобу мутолиа тавонист миёни даҳҳо довталаби дигар ҷойи сеюмро сазовор гардад. Ба ғолибон дар маросими ҷамъбастии озмун Дипломҳои дараҷавӣ ва мукофотпулӣ супурда шуд.

Нисораи Саидзода барои ишғоли ҷойи сеюм бо Дипломи дараҷаи 3 ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардид. Масъулони китобхона иброз доштанд, ки дастоварди хонандаи ҷавон нишони болоравии сатҳи мутолиа дар байни ҷавонони ноҳия буда, ба дигар хонандагон низ ангезаи тоза мебахшад.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 20 ноябрь 2025 10:13
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 0
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 декабрь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ

ДАСТОВАРДҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ МАКТАБИ ВАРЗИШИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ. Варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати

Маълумоти бештар
18 июль 2025
---
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР

ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ДАР КИТОБХОНАИ МАРКАЗӢ

Маълумоти бештар
07 июнь 2023
Асосӣ / Фарҳанг
«ҲАМНИШИНЕ НЕСТ БЕҲТАР

«ҲАМНИШИНЕ НЕСТ БЕҲТАР АЗ КИТОБ» Тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати фарҳанги вилояти

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Фарҳанг
-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Ноябрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930