«ҲАМНИШИНЕ НЕСТ БЕҲТАР АЗ КИТОБ»
Тибқи нақша-чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати фарҳанги вилояти Хатлон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 5 июни соли равон библиомарафон таҳти унвони «Ҳамнишине нест беҳтар аз китоб» гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, директори китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Ибодуллоҳ Одиназода, аъзои китобхона ва филиалҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Баргузор намудани чунин озмунҳо барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониш, завқи бадеӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо мусоидат менамояд. Дар фарҷом иштирокчиёни фаъол аз тарафи директори китобхонаи марказии ноҳия Наргис Салимова бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.