НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Иҷтимоъ » Маориф » «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН»
апрель 05 2023

«ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН»

            «ҲАФТАИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН»

  Ҳамасола аз 2 то 9 апрел дар шаҳру навоҳии кишвар Фестивали умумиҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар доираи он як қатор маҳфилу чорабиниҳо баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла санаи 4 апрели соли 2023 дар толори китобхонаи марказии ноҳия дар якҷоягӣ бо китобхонаи бачагонаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» бахшида ба 145-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддини Айнӣ баргузор гардиданд. Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зуҳро Атабоева, мутахассиси пешбари бахши фарҳанг Гулмурод Кабиров, директори китобхонаи марказӣ Имомзода Адолат, адиб ва сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Навиди Балх» Ибодуллоҳ Одиназода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳия Абдухолиқ Розиқов, мудирони филиалҳои китобхона ва кӯдакону наврасон иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз намоиши китоб ва дастовардҳои китобхонаи марказӣ ва бачагонаи ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Сипас, дар фестивали болозикр хонандагони фаъоли китобхонаи марказӣ, бачагона, мактаби санъати бачагона ва муассисаҳои томактабӣ аз ашъори шоирон дар васфи китоб, донишомӯзӣ, Ватан-модар ва Тоҷикистон шеърҳо қироат намуда, бо рақсҳои зебои худ, ки хеле ҷолибу диданӣ буд, хотири ҳозиринро болида гардониданд. Дар фарҷом директори китобхонаи марказӣ Имомзода Адолат иштирокчиёни фаъолро бо ифтихорнома сарфароз гардонида, зикр дошт, ки баргузор намудани чунин вохӯриҳо барои ҷалби кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, баланд бардоштани савияи дониш, завқи бадеӣ ва ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии онҳо мусоидат менамояд. Парвина АҶИКОВА, "НАВИДИ БАЛХ"

 

 

 

 

 

 

 

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
11 март 2023
Маъмурият
АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МАТБУОТ Қадршиносии собиқадорони соҳаи матбуот дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор дошта, фаъолияти

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
15 ноябрь 2022
Асосӣ
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМ Ӣ - АМАЛ Ӣ ДОИР ГАРДИД! Рӯзи 11 ноябри соли равон дар толори китобхонаи марказии ноҳияи

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30