ТИРАМОҲИ ЗАРРИН - ТАҶАССУМГАРИ ЗЕБОГИИ МЕҲРГОН


                              ТИРАМОҲИ ЗАРРИН - ТАҶАССУМГАРИ ЗЕБОГИИ МЕҲРГОН

         Санаи 15 октябри соли 2025 дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки васеи хонандагон, омӯзгорон ва намояндагони соҳаи маориф озмуни фарҳангиву омӯзанда таҳти унвони «Тирамоҳи заррин», бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи маориф ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия баргузор шуд, Нуринисо Тураева - директори муассисаи мазкур, муовинон ва роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии баргузории озмун - эҳё ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неку куҳанбунёди миллӣ, ташаккули завқи зебоипарастии насли наврас ва тақвияти маърифати экологӣ байни хонандагон арзёбӣ гардид.

Озмун дар чанд бахши ҷолиб сурат гирифт. Хонандагон бо намоиши дастовардҳои эҷодӣ ва табиӣ, аз қабили гербарияҳо, намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, лавҳаҳои таблиғотӣ, паспартовҳо ва корҳои дастисохт, ҳунару зебоии худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, расмҳои ранга дар мавзӯи «Муҳити зист ва экология» руҳи муҳити сабзро инъикос мекарданд. Яке аз бахшҳои шавқовари озмун ҳимояи маърузаҳо ва рисолаҳои илмӣ буд. Хонандагон андешаҳои худро дар мавзӯъҳои «Хуҷастагиҳои тирамоҳро дар чӣ мебинед?» ва «Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд» ба таври таҳлилӣ баён намуда, бо истифода аз мисолҳои мушаххас арзиши фасли тирамоҳро барои табиат, зироат ва зебоии зиндагӣ тавзеҳ доданд.

 Гӯшаҳои намоишии муассисаҳои таълимӣ, ки бо неъматҳои фасли зарнисор, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо ва дигар маводи ороишиву дастисохт зиннат ёфта буданд, фазои боғро ба як намоишгоҳи ҳақиқии «тирамоҳи ҳаётбахш» табдил доданд. Дар анҷом, фаъолон ва ғолибони озмун бо ҷойҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардида, ба марҳалаи вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Барномаи фарҳангии хонандагон, ки бо сурудҳои идона ва саҳнаҳои рамзии тирамоҳӣ ҳамроҳӣ мешуд, руҳи шодӣ ва меҳрро ба иштирокдорон эҳдо намуд. Бо чунин иқдомҳо, Иди Меҳргон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ҷашни фаровонӣ, таҷассуми зебогии табиат ва меҳнати инсон таҷлил гардид.

 


Баргаштан
21-11-2025, 08:41