НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » ТИРАМОҲИ ЗАРРИН - ТАҶАССУМГАРИ ЗЕБОГИИ МЕҲРГОН
ноябрь 21 2025

ТИРАМОҲИ ЗАРРИН - ТАҶАССУМГАРИ ЗЕБОГИИ МЕҲРГОН

                              ТИРАМОҲИ ЗАРРИН - ТАҶАССУМГАРИ ЗЕБОГИИ МЕҲРГОН

         Санаи 15 октябри соли 2025 дар Боғи фарҳангу фароғатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки васеи хонандагон, омӯзгорон ва намояндагони соҳаи маориф озмуни фарҳангиву омӯзанда таҳти унвони «Тирамоҳи заррин», бахшида ба Иди Меҳргон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи маориф ва муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия баргузор шуд, Нуринисо Тураева - директори муассисаи мазкур, муовинон ва роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ширкат варзиданд. Ҳадафи асосии баргузории озмун - эҳё ва арҷгузорӣ ба суннатҳои неку куҳанбунёди миллӣ, ташаккули завқи зебоипарастии насли наврас ва тақвияти маърифати экологӣ байни хонандагон арзёбӣ гардид.

Озмун дар чанд бахши ҷолиб сурат гирифт. Хонандагон бо намоиши дастовардҳои эҷодӣ ва табиӣ, аз қабили гербарияҳо, намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, лавҳаҳои таблиғотӣ, паспартовҳо ва корҳои дастисохт, ҳунару зебоии худро ба намоиш гузоштанд. Ҳамчунин, расмҳои ранга дар мавзӯи «Муҳити зист ва экология» руҳи муҳити сабзро инъикос мекарданд. Яке аз бахшҳои шавқовари озмун ҳимояи маърузаҳо ва рисолаҳои илмӣ буд. Хонандагон андешаҳои худро дар мавзӯъҳои «Хуҷастагиҳои тирамоҳро дар чӣ мебинед?» ва «Обҳо соф дар айёми хазон мегарданд» ба таври таҳлилӣ баён намуда, бо истифода аз мисолҳои мушаххас арзиши фасли тирамоҳро барои табиат, зироат ва зебоии зиндагӣ тавзеҳ доданд.

 Гӯшаҳои намоишии муассисаҳои таълимӣ, ки бо неъматҳои фасли зарнисор, аз қабили сабзавоту меваҷот, ғалладонаҳо, меваҳои хушк, мусаввараҳо ва дигар маводи ороишиву дастисохт зиннат ёфта буданд, фазои боғро ба як намоишгоҳи ҳақиқии «тирамоҳи ҳаётбахш» табдил доданд. Дар анҷом, фаъолон ва ғолибони озмун бо ҷойҳои ифтихорӣ қадрдонӣ гардида, ба марҳалаи вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Барномаи фарҳангии хонандагон, ки бо сурудҳои идона ва саҳнаҳои рамзии тирамоҳӣ ҳамроҳӣ мешуд, руҳи шодӣ ва меҳрро ба иштирокдорон эҳдо намуд. Бо чунин иқдомҳо, Иди Меҳргон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун ҷашни фаровонӣ, таҷассуми зебогии табиат ва меҳнати инсон таҷлил гардид.

 

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

  • Муаллифи нашр: МИҲД н. Ҷ. Балхӣ
  • Санаи нашр: 21 ноябрь 2025 08:41
  • Категорияи нашр: ---
  • Шумораи диди нашр: 11
  • Шумораи эзоҳ дар нашр: 0

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
03 апрель 2023
Фарҳанг
-- ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА» Ҷаласаи комиссияи озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули Лола» дар ноҳияи

Маълумоти бештар
27 декабрь 2023
Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ

МАҲСУЛОТИ ШИРИИ «ПАНИРИ БАЛХ» ЛАЗЗАТБАХШ АСТ Бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар маҳалҳо, таъмини сокинони кишвар бо

Маълумоти бештар
30 июль 2024
Асосӣ / Иҷтимоъ / Иқтисодӣ
ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Декабрь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031