Ташрифи меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


 

     Ташрифи меҳмонони ҷумҳурии Ўзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Ҳайати  меҳмонон  бо  роҳбарии   раиси   вилояти   Сурхандарёи  Ҷумҳурии Ўзбекистон Тўра Боболов дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф  оварда, аз корхонаи сементбарории ҶДММ  “Моҳир  Семент”   боздид  намуданд.  Меҳмононро  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ҳамроҳӣ намуданд. Зимни боздид, гуфта шуд, ки корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар минтақаи саноатӣ ҷойгир буда, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир Семент” сохта шудааст. Корхонаи мазкур бо маблағи 380 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати корхонаи мазкур 6-7 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсоли корхона 600 000 тонна семент дар як сол мебошад. Барои бунёди ин корхона 191 нафар сохтмончиён, аз ҷумла 91 нафар сохтмончиёни хориҷӣ ва 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Айни ҳол дар корхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият доранд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” калонтарин корхонаи саноатии фаъолияткунанда дар ҳудуди ноҳия ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла таъмини ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии хушсифат саҳми калон мегузорад.  

      Дар идома меҳмонон  аз Маҷмааи варзишии  Исмоили Сомонӣ, Гулгашт, Майдони Парчами давлатӣ, Майдони Нишони давлатӣ, Муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дидан намуданд. Инчунин меҳмонон ба намоиши таъомҳои  миллие, ки бонувони ноҳия омода намуда буданд, баҳои баланд гузоштанд. Ҳамзамон онҳо аз тамошои саҳначаҳои тарбиявӣ, ки аз ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣпешкаш гардид, ғизои маънавӣ бардоштанд. Меҳмонон баъд аз анҷоми сафари корӣ ва диди ин мавзеъҳои ноҳия бо неруи тоза азми бозгашт намуданд ва масъулин онҳоро бо хушнудӣ гусел карданд.  


  




Баргаштан
25-08-2022, 12:49