НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » Ташрифи меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
август 25 2022

Ташрифи меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 

     Ташрифи меҳмонони ҷумҳурии Ўзбекистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Ҳайати  меҳмонон  бо  роҳбарии   раиси   вилояти   Сурхандарёи  Ҷумҳурии Ўзбекистон Тўра Боболов дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф  оварда, аз корхонаи сементбарории ҶДММ  “Моҳир  Семент”   боздид  намуданд.  Меҳмононро  раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло ҳамроҳӣ намуданд. Зимни боздид, гуфта шуд, ки корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” дар минтақаи саноатӣ ҷойгир буда, аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Моҳир Семент” сохта шудааст. Корхонаи мазкур бо маблағи 380 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст. Масоҳати корхонаи мазкур 6-7 гектарро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсоли корхона 600 000 тонна семент дар як сол мебошад. Барои бунёди ин корхона 191 нафар сохтмончиён, аз ҷумла 91 нафар сохтмончиёни хориҷӣ ва 100 нафар сохтмончиёни маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буданд. Айни ҳол дар корхона зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ фаъолият доранд. Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи сементбарории ҶДММ “Моҳир Семент” калонтарин корхонаи саноатии фаъолияткунанда дар ҳудуди ноҳия ба шумор рафта, дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоии ноҳия, аз ҷумла таъмини ҷойҳои корӣ, истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии хушсифат саҳми калон мегузорад.  

      Дар идома меҳмонон  аз Маҷмааи варзишии  Исмоили Сомонӣ, Гулгашт, Майдони Парчами давлатӣ, Майдони Нишони давлатӣ, Муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ дидан намуданд. Инчунин меҳмонон ба намоиши таъомҳои  миллие, ки бонувони ноҳия омода намуда буданд, баҳои баланд гузоштанд. Ҳамзамон онҳо аз тамошои саҳначаҳои тарбиявӣ, ки аз ҳаёту фаъолияти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣпешкаш гардид, ғизои маънавӣ бардоштанд. Меҳмонон баъд аз анҷоми сафари корӣ ва диди ин мавзеъҳои ноҳия бо неруи тоза азми бозгашт намуданд ва масъулин онҳоро бо хушнудӣ гусел карданд.  


  



Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Иштирок дар тантанаҳои

21 март дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Ифтитоҳи Мақбараи

21 март пас аз маросими пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Пардабардорӣ аз рӯйи

21 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30