САХОВАТИ ИДОНА: ДАСТГИРИИ КӮДАКОНИ ЯТИМ ДАР АРАФАИ ИДИ ФИТР
Дар арафаи Иди саиди Фитр, ки рамзи меҳрубонӣ, ҳамдилӣ ва саховатмандӣ мебошад, Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иқдоми некеро амалӣ намуд. Дар доираи ин ташаббус, ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳия маводи ғизоӣ ва маҳсулоти зарурӣ тақдим карда шуд. Ҳадафи ин иқдом дастгирии кӯдакони ниёзманд, бахусус дар рӯзҳои ид мебошад, то онҳо низ гармиву меҳрубонии ҷомеаро эҳсос кунанд. Кормандони беморхона бо эҳсоси масъулият ва муҳаббат ин кумакро расонида, изҳор доштанд, ки чунин амалҳои хайр минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Роҳбарияти мактаб-интернат ва кӯдакон барои ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ миннатдории худро ба кормандон ва масъулини Беморхонаи марказии ноҳия баён намуданд. Чунин ташаббусҳо на танҳо ба беҳтар шудани шароити зиндагии кӯдакони ятим мусоидат мекунанд, балки ҳисси ҳамбастагии ҷомеаро низ тақвият мебахшанд.