ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР |
Ватанпарастӣ яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи бойи аз гузаштагони худ меросмондаро парвариш намоем. Агар мо ба гузашта назар афканем, бо ҳамон шахсоне, ки сарбаландона аз хизмат баргаштаанд, аз он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Ватандӯстоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, муносибат, муомила ва назари онҳо тағир ёфта, дар зиндагӣ ин гуна ҷавонон ботаҳаммул, масъул дар оила ва наҷотбахши мушкилотњои пешомадаи њаёт мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад”. Имрӯз мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, дорандаи сулҳи пойдор ва биҳиштосо умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз таърихи гузаштагони худ ҳамеша ёдовар шавад. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин баҳри сипарони Ватан, яъне ташаккул намудани Артиши миллӣ шурӯъ карданд. Аз соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон неруи боэътимоди Ватан гардид. Он замон барои таъсисдиҳии Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ қариб, ки намонда буд ва дар ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Имрӯз бо дастгирии Роҳбари ғамхори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимоятгарони марзу буми меҳанамон ҳамасола Рӯзи Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва қаноатмандӣ дар шароити хуб ҷашн мегирем. Мақсади хизмат ба Ватан ин эмин доштани порчаи хоки зодгоҳ ва таъмини амнияти ҳаёти осоиштаро дорад. Мо бояд мисли гузаштагони худ, ки баҳри ободӣ ва тинҷию оромии Ватанамон ҷонисорӣ намудаанд, бо нияти пок ва содиқонаву ворисона ба Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандиамонро ба ҷо орем. Ҳимояи Ватан барои насли имрӯзу оянда қарзи аввалини фарзандист. Зухро Атабаева, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Баргаштан |
3-10-2023, 12:40 |