НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР
октябрь 03 2023

ХИЗМАТ БА ВАТАН - ҚАРЗИ ҲАР ИНСОНИ ВАТАНДОР

  Ватанпарастӣ яке аз рукнҳои муқаддас буда, арзиши муҳими худро дорад. Тарбияи ватанпарастӣ аз оила, боғча ва баъдан аз муассисаи таълимӣ оғоз меёбад. Мо бояд кӯшиш намоем, ки дар дили фарзандонамон ҳисси ватандорӣ, расидан ба қадри сулҳу оромӣ, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва ҳимояи таърихи бойи аз гузаштагони худ меросмондаро парвариш намоем. Агар мо ба гузашта назар афканем, бо ҳамон шахсоне, ки сарбаландона аз хизмат баргаштаанд, аз он нафароне, ки хизмати хешро ба ҷо наовардаанд, албатта куллан фарқ доранд. Ватандӯстоне, ки хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, муносибат, муомила ва назари онҳо тағир ёфта, дар зиндагӣ ин гуна ҷавонон ботаҳаммул, масъул дар оила ва наҷотбахши мушкилотњои пешомадаи њаёт мешаванд. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мебошад”. Имрӯз мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин давлати осоишта, дорандаи сулҳи пойдор ва биҳиштосо умр ба сар бурда истодаем. Мо набояд ин ҳама неъматҳоро нодида гузарем ва ҳар як инсон бояд аз таърихи гузаштагони худ ҳамеша ёдовар шавад. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин баҳри сипарони Ватан, яъне ташаккул намудани Артиши миллӣ шурӯъ карданд. Аз соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон неруи боэътимоди Ватан гардид. Он замон барои таъсисдиҳии Қувваҳои Мусаллаҳ заминаи моддиву техникӣ қариб, ки намонда буд ва дар ҷумҳурӣ нооромиҳои дохилӣ ба миён омада буданд. Имрӯз бо дастгирии Роҳбари ғамхори давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳимоятгарони марзу буми меҳанамон ҳамасола Рӯзи Қуввваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ифтихор ва қаноатмандӣ дар шароити хуб ҷашн мегирем. Мақсади хизмат ба Ватан ин эмин доштани порчаи хоки зодгоҳ ва таъмини амнияти ҳаёти осоиштаро дорад. Мо бояд мисли гузаштагони худ, ки баҳри ободӣ ва тинҷию оромии Ватанамон ҷонисорӣ намудаанд, бо нияти пок ва содиқонаву ворисона ба Ватани худ хизмат намуда, қарзи фарзандиамонро ба ҷо орем. Ҳимояи Ватан барои насли имрӯзу оянда қарзи аввалини фарзандист. Зухро Атабаева, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
17 апрель 2023
Асосӣ
Хизмат ба Ватан ин қарзи

Хизмат ба Ватан ин қарзи ҳар як инсони бонанг аст. Зистан дар фазои сулҳу оромӣ шараф аст барои ҳар якинсони

Маълумоти бештар
26 сентябрь 2023
Асосӣ
ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ

ВОЛИДОН - РОҲНАМОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН Хизмат ба Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди баору номуси кишвар маҳсуб

Маълумоти бештар
19 октябрь 2022
Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ

ҲИФЗУ ҲИМОЯИ ВАТАН ҚАРЗИ ИМОНӢ ВА ВИҶДОНИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ ! Худованд дар ќисми ояти 190-уми сураи баќара

Маълумоти бештар
21 март 2022
Асосӣ / Президент
Суханронии Президенти

Ҳамватанони азиз! Имрӯз, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо Соли нави аҷдодии миллати куҳанбунёдамон – ҷашни Наврӯз

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда