БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ
3-юми марти соли ҷорӣ дар толори шуъбаи маорифи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври озмуни ноҳиявии санҷишҳои имтиҳонии дохилшавӣ тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин рӯз аъзои комиссияи квотаи Президентӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок намуданд. Тибқи иттилои шуъбаи маорифи ноҳия дар озмун хонандагони муассисаҳои ҳудуди ноҳия ҷиҳати дарёфти роҳхат ба даври ниҳоӣ 100 нафар хатмкунандагон роҳхат гирифта, ширкат варзиданд. Соли ҷорӣ шумораи квотаи Президентӣ барои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 26 нафарро ташкил намуд. Ёдовар мегардем, ки ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва ҳавасманд гардонидани ҷавонон дар рӯҳияи илмомӯзиву маърифатпарварӣ Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба наврасону ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, бобати дарёфти чеҳраҳои болаёқат имтиёзҳои заруриро фароҳам овардаанд.