НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.
июль 30 2024

ШАШМОҲАИ СОЛИ 2024 ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.

   Санаи 11 июли соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маҷлис оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 баргузор гардид. Дар маҷлис муовини намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Ризвонзода Фирдавс, муовинон, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, сарварони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта, раисони кумитаи маҳалла иштирок намуданд. Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки ба баррасии маҷлиси имрӯза як масъала: ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар шаш моҳи соли 2024 пешниҳод мегардад. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ дар баромади худ оид ба самти кишоварзӣ қайд намуд, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ноҳияи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аксарияти аҳолии қобили меҳнат ба соҳаи мазкур шуғл варзида, асоси ғанигардонии буҷет аз соҳаи мазкур сарчашма мегирад. Дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ 866 млн 416 ҳазор сомониро ташкил медихад. Ба ҳолати 1-уми июли соли 2024 дар майдони 23307 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 5720 гектар ғалладонагиҳо, 696 гектар ҷуворимакка барои дон, 10138 гектар зироатҳои техникӣ, аз ҷумла 9862 гектар пахта, 2442 гектар сабзавот, 615 гектар картошка, 1136 гектар полизиҳо ва 3257,9 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт карда шудааст. Инчунин дар шаш моҳи аввали соли 2024 дар ҳудуди ноҳия 34 корхонаи саноатӣ фаъолият намудаанд, ки дар онҳо истеҳсоли маҳсулот асосан бо ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст. Корхонаҳои саноатии ноҳия дар нимсолаи якуми соли 2024 дар ҳаҷми 114 млн 42,7 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023–ум ба маблағи 8 млн 688,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 108,0 фоизро ташкил намуд. Истеҳсоли нон ва маҳсулоти нонӣ 1498,7 тонна – 100,8 фоиз, равғани растанӣ 912,4 тонна – 149,1 фоиз, кунҷора 3105,7 тонна – 114,9 фоиз, хишти сементӣ 271,8 ҳазор дона – 102,6 фоиз ва орд 4615,2 тонна ё ин ки 110,2 фоизро ташкил медиҳад. Бо мақсади ба иҷро расонидани қарори раиси вилояти Хатлон аз 11 феврали соли 2022, №50 “Дар бораи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чораҳои зарурӣ андешида, қарори раиси ноҳия аз 4 марти соли 2022, №212 ба тасвиб расидааст. Дар асоси қарори мазкур гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ Нақшаи чорабиниҳои корҳои ободониву созандагӣ то соли 2026-ро таҳия намуда, нақшаи мазкур бо қарори раиси ноҳия аз 22 июни соли 2022, №573 тасдиқ карда шуда, таҳти назорат ва иҷро қарор дода шудааст. Тибқи нақшаи зикргардида дар ноҳия 340 бинову иншооти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла фарҳанг, тандурустӣ, варзишӣ, саноат ва дигар соҳаҳо пешбинӣ карда шудаанд. Дар соли 2024 тибқи нақша бунёди 59 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Дар ин давра 63 иншоот ба истифода дода шудааст, ки 106,8 фоизи нақшаи солонаро дарбар мегирад. Ба ҳамин тариқ аз 340 адад иншооти пешбинишуда, 226 адади он мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд, ки ин нишондод 66, 5 фоизи нақшаи умумиро ташкил медиҳад. Дар баробари корҳои созандагӣ ҳамчунин корҳои ободонӣ, аз ҷумла дарахтшинонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, бунёди гулгаштҳо, ташкили ҳашарҳои ҳарҳюафтаинаи ободонӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо, ташкилоту муассиса, идораву корхона дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои муҳиме, ки диққати махсус зоҳир карда мешавад, ин рушди соҳаи маориф мебошад, ки дар ин давра ба соҳаи мазкур ба маблағи 52, 6 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст. Дар ин давра ба соҳаи тандурустӣ низ 15,7 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ҷудо карда шудааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо маблағгузории Бонки рушди Олмон корҳои сохтмонии бинои иловагӣ ва таъмири асосии бинои беморхонаи марказӣ ба анҷом расонида шудааст. Саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар таъмири асосии ошёнаҳои якум ва дуюми бинои беморхонаи марказӣ ба маблағи 1 миллиону 398 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Аз тарафи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ин давра 2859 таваллуд бақайд гирифта шудааст, ки 38 нафари он таваллуди хонагӣ мебошад. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ барои беҳтар намудани фаъолияти кории зермуассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба маблағи 442 ҳазор сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ, асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ ва дигар таҷҳизоти корӣ харидорӣ карда шудааст. Қайд карда шуд, ки дар ин давра дар ноҳия 5490 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шудааст.

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
22 апрель 2024
Асосӣ / Маориф
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕ МОҲИ СОЛИ 2024 Имрӯз, 19 апрел дар

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
14 апрель 2023
Асосӣ / Мақомоти иҷроия
ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИВУ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ ДАР СЕМОҲАИ СОЛИ 2023 Имрӯз 13 апрели соли

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

РАИСИ НОҲИЯ АЗ РАФТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ЗОЛИ ЗАР ДИДАН НАМУДАНД
Этот стройматериал легко транспортируется в герметичных пакетах. Перед нанесением смесь необходимо смешать с водой в требуемых пропорциях. Сухую
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит во шиздец банки Москва. Вопреки на то, что кредит обнаруживается шибким равно эффективным оружием решения
Суратгузориш аз рафти ҳашари дастаҷамъонаи оромгоҳи немисҳои даврони Шӯравӣ дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ бо иштироки раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муҳтарам Холмурод Раҳмон ва 250 нафар сокинони ҷамоати мазкур.
Оформить онлайн-заявку сверху кредит умереть и не встать шиздец банки Москва. Не взирая на то, что счет является шибким а также лучшим оружием
ҚАДРДОНӢ
Бехтарин 👏🏻
ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН!
reading books is good http://book-sale.online

Тақвим

«    Ноябрь 2024    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 

Серхонанда