ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ . |
ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешбурди соҳа эътибори хоса зоҳир гашта истодааст. Кирмакпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол 1000 қуттӣ кирмакро ба хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси шартномаи тарафҳо тақсим намуданд. Нақшаи дурнамо дар ноҳия 35 тонна буда, мувофиқи нақша ҳамаи хоҷагиҳои кирмакпарвар бояд аз ҳар қуттӣ 35 килогӣ пилла супоранд. Вобаста ба ин, санаи 3-юми майи соли 2024 дар идораи пиллаи ноҳия маъракаи пилласупорӣ оғоз гардид, ки дар он аввалин шуда кирмакпарварони хоҷагии деҳқонии Ниёзмуҳаммад Бегов, Сафар Ҷумаев, Ҷамоати деҳоти Маданият, Ҷамоати деҳоти Навоӣ ва Ҷамоати шаҳраки Гулистон пиллаи хушсифати худро супориданд. Дар ин рӯз сардори ҶСП-и «Пиллаи Ҷалолиддини Балхӣ» Мирзоалӣ Одилов қайд намуд, ки бояд ба соҳаи кирмакпарварӣ рушду такомул бахшида шавад, зеро фаъолияти чандин коргоҳҳои саноатии ҷумҳурӣ ва вилоят маҳз бо ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ - пилла марбут аст. Дар ин радиф дар марҳалае, ки мамлакати мо дар раванди гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба давлати саноатӣ - аграрӣ қарор дорад, рушду равнақ бахшидани соҳа масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад. Навиди Балх Баргаштан |
6-05-2024, 12:19 |