НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ » Асосӣ » ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .
май 06 2024

ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ .

    ОҒОЗИ ҶАМЪОВАРИИ ПИЛЛА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

    Пилла ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ маҳсуб ёфта, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду пешбурди соҳа эътибори хоса зоҳир гашта истодааст. Кирмакпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имсол 1000 қуттӣ кирмакро ба хоҷагиҳои ҳудуди ноҳия ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар асоси шартномаи тарафҳо тақсим намуданд. Нақшаи дурнамо дар ноҳия 35 тонна буда, мувофиқи нақша ҳамаи хоҷагиҳои кирмакпарвар бояд аз ҳар қуттӣ 35 килогӣ пилла супоранд. Вобаста ба ин, санаи 3-юми майи соли 2024 дар идораи пиллаи ноҳия маъракаи пилласупорӣ оғоз гардид, ки дар он аввалин шуда кирмакпарварони хоҷагии деҳқонии Ниёзмуҳаммад Бегов, Сафар Ҷумаев, Ҷамоати деҳоти Маданият, Ҷамоати деҳоти Навоӣ ва Ҷамоати шаҳраки Гулистон пиллаи хушсифати худро супориданд. Дар ин рӯз сардори ҶСП-и «Пиллаи Ҷалолиддини Балхӣ» Мирзоалӣ Одилов қайд намуд, ки бояд ба соҳаи кирмакпарварӣ рушду такомул бахшида шавад, зеро фаъолияти чандин коргоҳҳои саноатии ҷумҳурӣ ва вилоят маҳз бо ашёи хоми пурбаҳои саноатӣ - пилла марбут аст. Дар ин радиф дар марҳалае, ки мамлакати мо дар раванди гузариш аз кишвари агросаноатӣ ба давлати саноатӣ - аграрӣ қарор дорад, рушду равнақ бахшидани соҳа масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.

Навиди Балх

Эзоҳ:

Ин эзоҳ то ҳол шарҳе надорад. Шумо метавонед аввалин шавед!

Маълумот дар бораи хабар:

Хабарҳои монанд

24 январь 2023
Асосӣ
ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ

ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД (андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) МУҚАДДИМА № 1 (31), соли 2023 Дар таърихи

Маълумоти бештар
18 март 2024
Асосӣ / Иқтисодӣ / Кишоварзӣ
ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР

ОҒОЗИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Имрӯз, 16 март, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар хоҷагии

Маълумоти бештар
08 февраль 2023
Асосӣ
МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ

МАҶЛИСИ БАЙНИИДОРАВИИ НАЗДИ ПРОКУРОРИ НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Санаи 2 феврали соли 2023 сол дар толори бинои

Маълумоти бештар
12 январь 2023
Асосӣ
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛИ 2022 Санаи 6 январи соли 2022 дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

Маълумоти бештар
28 январь 2023
Асосӣ
БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ

БАРГУЗОРИИМА Ҷ ЛИСИ Ҷ АМЪБАСТИИ КУМИТАИ И Ҷ РОИЯИ Ҳ ИЗБИ ХАЛ Қ И И ДЕМОКРАТИИ ТО Ҷ ИКИСТОН ДАР НО Ҳ ИЯИ Ҷ

Маълумоти бештар

Гузоштани эзоҳ

Ҷустуҷӯ

Тақвим

«    Июнь 2025    »
ПнВтСрЧтПтСбВс
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
30